Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси C5+1 SI дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конфронс ба рушди зеҳни сунъӣ, таҳкими ҳамкории рақамӣ ва густариши шарикии технологӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида шуд.
Дар доираи ҷаласаи канории конфронс муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзод дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва раванди гузариш ба низоми рақамӣ муаррифӣ намуд. Ҳамзамон доир ба дурнамои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Конфронси C5+1 SI дар доираи AI MONTH 2026 баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши технологӣ ва коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои баррасии масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳо ва ҳамкории технологӣ ба ҳам овард.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад






