Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Ҷайҳун минтақаест, ки барои парваришу нигоҳубини меваҳои ситрусӣ мувофиқ аст. Дар ноҳия лимӯ, мандарин, киви, банан, папая, лайма, грейпфрукт ва дигар меваҳои ситрусӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон парвариш карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия Муҳаммадҷони Маҳмадшариф иттилоъ дод.
«Дар ноҳия дар 200 гектар гармхонаҳои лимӯ фаъолият мекунанд. Ҳамасола беш аз 10 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад»,-афзуд Муҳаммадҷони Маҳмадшариф.
Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадлатиф» 3 гектар замин дорад, ки 30 садяки онро гармхонаҳои лимӯ ва боқимондаашро боғи шафтолу ташкил медиҳад. Тавре роҳбари хоҷагӣ Бахтиёр Зокиров иброз дошт, « соли 2021 ду гармхонаи лимӯ бунёд намудам. Дар 30 садяк 300 дона ниҳоли лимӯи навъи маҳаллӣ парвариш намудам, ки ҳоло 5-сола шуда, аллакай аз ҳар яки он аз 80 то 200 килограмм мева ҷамъоварӣ менамоям»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Таъкид гардид, ки ниҳолони лимӯ чӣ қадаре, ки умри тӯлонӣ дошта бошанд, ҳамон қадар самараи бештар медиҳанд. Дарахти лимӯ аз 50 то 70 сол умр дида, дар натиҷаи парваришу нигоҳубини хуб имкон дорад ҳосили бисёр диҳад.
Меваи лимӯ аввали моҳи ноябр пурра пухта мерасад. Лимӯҳоро пас аз ҷамъоварӣ кардан дар ҷойи сард нигоҳ медоранд ва то моҳи май аз он истифода бурдан мумкин аст.
Бахтиёр Зокиров иброз намуд, ки «маҳсулоти истеҳсолнамудаи мо ба Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда мешавад. Парвариши лимӯ яке аз манбаъҳои устувори даромади сокинони ноҳия мебошад. Мо талош менамоем, ки бозори дохилӣ ва хориҷи мамлакатро бо ин навъи маҳсулоти ватанӣ таъмин намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда гузорем».
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд






