Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид

Октябрь 21, 2026 10:14

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар нуҳ моҳи соли 2026 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 124,4 фоиз таъмин гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 26 миллиарду 600 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 5 миллиарду 213 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 4,6 ҳазор адад зиёд карда шуд. Дар айни замон ҳамаи субъектҳои хоҷагидори тибқи муқаррароти Кодекси андоз ҳисоботдиҳанда эъломия ва ҳисоботи худро ба мақомоти андоз пурра ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд. Аз ҷониби Кумитаи андоз тавассути модулҳои барномаи компютерӣ ба шаҳрвандону андозсупорандагон зиёда аз 60 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар нуҳ моҳ 5 хизматрасонии электронӣ, аз ҷумла дар шакли автоматӣ тасдиқ гардидани санади муқоисавии хоҷагии деҳқонӣ, портали хизматрасониҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бекоркунии воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ дар шакли электронӣ ва дигар хизматрасонӣ ба роҳ монда шуд.

Соли 2026 ба истифода додани боз 11 намуд хизматрасонии нави давлатӣ дар шакли электронӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2026 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад