Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид

Октябрь 3, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи омӯзгорон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як гурӯҳ омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маориф бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештар бо мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи  миллии Тоҷикистон иттилоъ додад, ки ҳадафи асосии боздиди омӯзгорон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон  таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва густариши ҷаҳонбинии фарҳангии омӯзгорон мебошад. Зеро  омӯзгор ҳамчун шахсияти калидӣ дар раванди таълиму тарбия на танҳо ба интиқоли дониш, балки ба ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар замири насли наврас мусоидат менамояд.

Масъулини Осорхонаи миллӣ ба омӯзгорон доир ба таърихи таъсис, сохтор, самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва аҳамияти осорхона дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси моддию маънавии халқи тоҷик маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Сипас, барои иштирокдорон бо роҳбаладии мутахассисони осорхона сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.

Зимни  сайри осорхонавӣ омӯзгорон бо намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори санъати амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин расму ойин, анъана ва дигар арзишҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон аз наздик шинос шуданд. Муаррифии нигораҳо ба иштирокдорон имконият фароҳам овард, ки дар бораи марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва рушди таъриху фарҳанги тоҷикон маълумоти бештар ба даст оварда, нақши мероси таърихӣ ва фарҳангиро дар таҳкими худшиносии миллӣ дарк намоянд.

Зимни боздид омӯзгорон ба арзиши илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии нигораҳои осорхона таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатию фарҳангиро барои такмили дониши таърихӣ, рушди ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтиром нисбат ба мероси миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

      АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 3, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид