Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли равон дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои ҷумҳурӣ (бе назардошти маълумоти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) 12 ҳазору 683,4 тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 12370,2 тонна гандум, 1 тонна ҷавдор ва 310,4 тонна ҷав захира гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истнод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Инчунин дар ҳашт моҳи соли 2026 ҷуворимакка барои дон 193,3 тонна, картошка 109,4 тонна, сабзавот 81,6 тонна (аз ҷумла сабзӣ 2,4 тонна, бехпиёз 79,2 тонна), мевагиҳо 40 тонна, орд 5774,6 тонна, шакар 2208,1 тонна, равғани растанӣ 1216,6 тонна ва биринҷ 21,3 тонна захира гардидааст, ки барои таъмини бозори дохилӣ, нигоҳдории муътадили нархҳо ва қонеъ намудани талаботи аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Маҳсулоти асосии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ, нигоҳ доштани муътадилии бозори истеъмолӣ ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал захира шуда, барои фаъолияти устувори низоми таъминоти озуқаворӣ ва ҳифзи суботи бозори дохилӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳо бо мардум пайваста таъкид менамоянд, бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ ва дигар омилҳои ба ҳамагон маълум вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккаб мешавад. Аз ин рӯ Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки ҳар оила бояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошад.
Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва коршиносони бахши озуқаворӣ тавсия медиҳанд, ки сокинон метавонанд дар мавриди аввал гандум, биринҷ, ҷав, лӯбиё, нахуд ва мошро захира намоянд, зеро ин донагиҳо қобилияти бештари захира шуданро доранд.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, дар умум аксари ғалладонагиҳоеро, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешаванд, захира кардан мумкин аст. Барои хушсифат мондани донагиҳо танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдории онҳо зарур аст.
АКС аз бойгонӣ








Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст






