Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид

Октябрь 22, 2026 17:25

ДУШАНБЕ, 22.10.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши геология дар рушди саноати мамлакат» ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ ва Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ«Ховар» аз ин  саридора хабар доданд.

Дар кори конфронс намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, корхонаҳои кӯҳкорӣ ва мутахассисон аз нуҳ давлати ҷаҳон – Австралия, Британияи Кабир, Бразилия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни конфронс иброз гардид, ки  дар солҳои истиқлоли давлатӣ соҳаи геология дар омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, иктишофу ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок, инчунин баҳодиҳии иқтидори минералию ашёи хоми мамлакат нақши муҳим гузошт. Захираҳои минералӣ яке аз пойдеворҳои асосии рушди саноати кӯҳкорӣ, металлургия ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, омӯзиш ва истифодаи оқилонаи онҳо аҳаммияти стратегӣ дорад.

«Яке аз самтҳои муҳими рушд дар ин соҳа рақамикунонии равандҳои геологӣ мебошад. Истифодаи барномаҳои махсус имкон медиҳад, ки маълумоти геологӣ ба таври муназзам ҷамъоварӣ ва коркард шуда, моделҳои сеченакаи конҳо таҳия гарданд, захираҳои минералӣ баҳо дода шаванд ва корҳои кӯҳкорӣ самараноктар нақшакашӣ карда шаванд»,–иброз дошт Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Таъкид гардид, ки амалӣ кардани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла барномаи нави «Micromine» имкон медиҳад, ки дақиқии ҳисобҳо баланд бардошта, вақт сарфа ва сифати қарорҳои техникӣ беҳтар карда шавад. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили геологӣ ва моделсозӣ низ як самти нави рушди соҳа ба шумор меравад.

Баргузории ин чорабинии байналмилалӣ барои табодули таҷрибаи пешқадам, таҳкими робитаҳои касбӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи геологияи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки кори конфронс пагоҳ низ идома меёбад.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2026 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд