Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид

Октябрь 2, 2026 15:11

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Рӯзи даъватшаванда бо роҳпаймоии даъватшавандагон ва бо садои карнаю сурнай таҳти шиорҳои «Хизмат ба Ватан шараф аст!» ва «Ҳифзи Ватан қарзи фарзандист!» тавассути кӯчаҳои марказии шаҳр оғоз ёфт.

Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ҷавонони бонангу номусро барои гузоштани қадами аввалин ба мактаби ҷасорату матонат таҳният гуфта, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавонписар мактаби бузурги обутоби ҳаёт ва нишони садоқат ба Ватан мебошад.

Таъкид шуд, ки бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбии мамлакат тамоми шароити хизматӣ барои сарбозон фароҳам оварда шудааст.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ ҷавонон ба мардонагӣ, ҳифзи амнияту суботи кишвар, ҳушёриву зиракӣ ва хизмати сарбаландона даъват карда шуданд.

Дар маросими гусели наваскарон ба ҷавононе, ки даври кӯтоҳмуддати Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

Инчунин тибқи анъанаи миллии тоҷикон маросими «кулчагазон» бо дуои неки модарон доир шуд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ, ки саршор аз оҳангҳои ватандӯстона буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ҷавонони шаҳри Ҳисор дар фарҷоми чорабинӣ ба пояи муҷассамаи «Дуои модар» гул гузошта, ба қисмҳои низомӣ раҳсипор гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Октябрь 2, 2026 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст