Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст

Октябрь 10, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон 2496 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 2026 гектараш мевадиҳанда мебошад. Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили анор асосан аз аввали моҳи октябр оғоз шуда, то моҳи ноябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Институти боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов иброз намуд, «дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш карда мешавад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯзро ташкил дода, дар соли 3-юм ниҳоли он мева медиҳад ва то 50-70 сол умр мебинад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст».

Дар ҷумҳурӣ анор дар бештари минтақаҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ парвариш карда мешавад. Анор танҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳ, махсусан дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва қисмате аз водии Рашд барои парвариш созгор нест.

Дар вилояти Хатлон мавсими пухта расидани анор охири моҳи август, моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр мебошад. Зиёда аз 60 фоизи анор дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи сентяб пухта мерасад. Инчунин шаҳри Норак макони анорпарварӣ дониста мешавад. Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз 5 октябр оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Тамоми боғоти анори ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ниҳолҳои ватанӣ мебошад. Дар ин минтақа асосан ду навъи анор: сафеди мулоимдона ва сурх парвариш карда мешавад.

Дар ҷаҳон зиёда аз 400 навъи анор мавҷуд аст, ки дар Тоҷикистон панҷ намуди он бештар парвариш меёбад. Аз рӯи туршӣ анор ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад: ширин, ширин -турш ва турш. Аз як дарахти анор 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз менамояд. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст. Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобаста аст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, меваи анор аз қанд ва витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст. Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола моҳи ноябр дар Тоҷикистон Фестивали анорпарварон баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 10, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад