Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский сеюмин бозии дӯстонаашро дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳ анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чин буд, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 94-умро ишғол мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.
Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Озарбойҷон (0:1) ва Фаластин (2:4) бозиҳои дӯстона анҷом дода буд.
Рақобатҳои навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешаванд. Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи 52-юми байналмилалии «King’s Cup», ки аз 9 то 17 ноябр дар Тайланд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Дар баробари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа тимҳои миллии Тайланд, Умон ва Баҳрайн низ иштирок мекунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






