Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Туркманистон Намоишгоҳи дастовардҳои миллии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Озарбойҷон, инчунин Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон павилионҳои миллии худро ташкил намуда, дастовардҳо, молу маҳсулот ва иқтидори миллиашонро муаррифӣ намуданд.
Павилиони миллии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 39 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ ва нақшу санъати миллӣ ташкил карда шуд. Дар он иқтидори иқтисодию тиҷоратии миллӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, молу маҳсулоти ватанӣ дар самтҳои саноат, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъдан, маҳсулоти хӯрокворӣ ва обҳои ташнагишикан, маҳсулоти коркардшуда, хушкмева ва асал, нассоҷӣ, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва сабз, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти миллӣ муаррифӣ гардид.
Инчунин дар маркази Павилиони миллии Тоҷикистон LED-экран насб гардида, дар он наворҳои ҷолиб оид ба самтҳои ҳифзи муҳити зист ва табиати зебоманзари Тоҷикистон, иқтидори энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамии кишвар пахш карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ таҳким бахшидани муносибатҳо ва рушди ҳамкории инноватсионӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муаррифии иқтидори иқтисодию тиҷоратии давлатҳои ин Иттиҳод мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»























Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






