Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд

Октябрь 1, 2026 15:14

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026, ки 29-30 сентябр дар Душанбе баргузор гардид, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Ёддошти тафоҳум байни Агентии  инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2025-2027 ба имзо расид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин санад зимни мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо муовини Вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамол Мақсудов ба имзо расид.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, инфрасохтор, омодасозии кадрҳо ва дастгирии стартапҳоро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин густариши ҳамкорӣ байни IT Park Dushanbe ва IT Park Uzbekistan, баргузории ҳакатонҳо, барномаҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба пешниҳод гардид. Ҷонибҳо барои иҷрои самарабахши нақша ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 1, 2026 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид