КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид

Октябрь 22, 2026 10:54

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  21 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ гардида буд, имзо гузоштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кодекси экологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ равона гардидааст.

Қабули ин санад барои ҳамоҳангсозии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва муайян намудани асосҳои танзими фаъолияти ба ҳифзи табиат вобаста аҳаммияти муҳим дорад.

Масъалаҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҳифзи захираҳои обу замин, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ аз самтҳои муҳими рушди қонунгузории экологӣ  мебошанд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист такмили механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи табиат ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони захираҳои табиӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Татбиқи муқаррароти Кодекси экологӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ он метавонад ба беҳтар гардидани низоми ҳифзи муҳити зист, таҳкими назорати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат намояд.

     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2026 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд