Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад

Октябрь 6, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Душанбе машварати оғози лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» (AMAL) оғоз  шуд.

Лоиҳа ба афзоиши даромади хонаводаҳои деҳот, беҳтар намудани ғизо ва баланд бардоштани устувории соҳаи чорводорӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намуда, тақрибан 60 ҳазор хонаводаро дар 15 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаро мегирад. Таваҷҷуҳи махсус ба чорводорони хурд, истифодабарандагони чарогоҳ, занон ва ҷавонон, инчунин соҳибкорону корхонаҳои микро, хурд ва миёнаи соҳа равона мешавад.

Дар оғози машварат муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Фанни Гранвал, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд,  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳадафҳо, вазифаҳо ва стратегияи лоиҳаро муаррифӣ намуданд.

Дар маркази таваҷҷуҳ ҳамоҳангсозии фаъолияти Вазорати молия, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, воҳидҳои татбиқи лоиҳа ва шарикони рушд қарор дошт.

Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» аз се  қисм: баланд бардоштани маҳсулнокии чорводорӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба бозорҳо, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани ғизо ва фароҳам овардани шароити мусоиди сиёсӣ ва идоракунии лоиҳа иборат аст. Чорабиниҳо беҳтар намудани хизматрасониҳои байторӣ, зотпарварӣ ва таъминот бо хӯроки чорво, рушди инфрасохтори бозорӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузориро дар бар мегиранд. Ҳамчунин дастгирии ғизои мактабӣ бо истифода аз маҳсулоти ширии маҳаллӣ ва таҳияи Стратегияи миллии соҳаи чорводорӣ пешбинӣ шудааст.

Арзиши умумии лоиҳа 39,36 миллион доллари амрикоӣ буда, гранти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ тақрибан 19,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷалби тақрибан 9,2 миллион доллари амрикоӣ аз Фонди мутобиқсозӣ пешбинӣ шудааст. Саҳми Ҳукумат, муассисаҳои молиявии шарик ва баҳрагирандагон низ дар сохтори маблағгузорӣ ба назар гирифта шудааст.

Кумитаи идоракунии лоиҳа таҳти роҳбарии Вазорати кишоварзӣ фаъолият менамояд. Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои қисми якум ва Маркази татбиқи лоиҳаи назди Вазорати молия барои қисми дуюм масъул мебошанд. Маркази назди Вазорати молия ҳамчунин дар татбиқи умумии лоиҳа нақши пешбаранда дорад.

Машварат то 7 октябр идома ёфта, тибқи барнома банақшагирии кор ва буҷет, идоракунии молиявӣ, харид, мониторинг, фарогирии иҷтимоӣ ва талаботи ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи махсус ба нақшаҳои амал барои оғози татбиқи лоиҳа, муайян намудани қадамҳои афзалиятнок, масъулият ва муҳлатҳои иҷро равона мешаванд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд