Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар иншооти алоқа омодагии ҳамаҷонибаро барои давраи тирамоҳу зимистон оғоз намуданд. Санҷиши таҷҳизот ва таъмини манбаъҳои захиравии неруи барқ дар пойгоҳҳои базавӣ дар саросари кишвар идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Тағйирёбии ҳарорат, барфу ях ва шамолҳои сахт ҳар сол барои соҳаи телекоммуникатсияи кишвар мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар мавсими сармо дастрасӣ ба бештари иншооти алоқа душвор аст, аз ин рӯ, кормандони соҳаи алоқа озмоишҳои қаблии ҳама системаҳоро анҷом дода, хизматрасонии техникии пойгоҳҳои базавӣ ва дигар унсурҳои инфрасохторро ба роҳ мемонанд ва онҳоро барои кор дар шароити номусоиди обу ҳаво омода мекунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини бефосилаи неруи барқ равона карда мешавад. Барои беҳтар кардани эътимоднокии шабака ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба минтақаҳои кишвар беш аз 100 дастгоҳи нави дизелӣ-генераторӣ (ДДГ) мефиристад. Онҳо дар пойгоҳҳои базавӣ ҳамчун манбаъҳои эҳтиётии неруи барқ дар ҳолати қатъшавии он истифода мешаванд. Дар умум тахминан 2,6 миллион литр сӯзишвории дизелӣ ба иншооти алоқа барои ҳамаи дастгоҳҳои нави дизелӣ-генераторӣ интиқол дода мешавад.
Мутахассисони техникӣ на танҳо таҷҳизотро тафтиш мекунанд, балки роҳҳои дастрасиро ба иншоот, бахусус иншооте, ки дар минтақаҳои душворгузари кӯҳистон ҷойгиранд, пешакӣ ба нақша мегиранд.
Алиҷон Ғаниев, директори техникии МегаФон Тоҷикистон иброз медорад, ки «вазифаи мо пешгӯии хатарҳои эҳтимолӣ, омода кардани гурӯҳҳои техникӣ ва таҷҳизотро барои ҳолатҳои мухталиф дар бар мегирад. Амалҳои мазкур аксар вақт ба корбарони хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ аён нестанд, вале ин бояд ҳамин тавр бошад. Дар ҳоле ки мутахассисони мо пайваста тамоми корҳои заруриро барои таъмини омодагии шабака барои мушкилоти мавсимӣ ба иҷро мерасонанд, муштариён занг задан, муошират тавассути паёмрасонҳо ва ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаро бо истифода аз хизматрасониҳои рақамии мобилӣ идома медиҳанд». 
АКС: «МегаФон Тоҷикистон»








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






