Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад

Октябрь 29, 2026 15:53

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 октябр  дар шаҳри  Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои  роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Далватҳои Мустақил /ИДМ/  баргузор мегардад. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки  дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук баррасӣ гарданд.

Ҳамзамон  иштирокдорони ҷаласа Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол», Қалъаи Ҳисор, ангурзорҳои шаҳри Турсунзода ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзобро тамошо менамоянд.

Баргузории ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ замина фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

Октябрь 29, 2026 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд