Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Октябрь 3, 2026 10:00
03.10.2026, шаҳри Душанбе

Устодон ва омӯзгорони гиромӣ!

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти касбиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Омӯзгорӣ аз ҷумлаи касбҳои пуршараф ва дар айни замон масъулияти бузург мебошад, зеро рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи наслҳое вобастагии мустақим дорад, ки бо заҳмати омӯзгорон ба камол мерасанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таъмин намудани рушди илму маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наслҳои наврас ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда шуд.

Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳа ва дастгирии омӯзгорон тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд.

Мо ин равандро минбаъд низ идома мебахшем.

Зеро мо хуб дарк мекунем, ки дар шароити пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо рисолати омӯзгор боз ҳам муҳимму масъулиятнок мегардад.

Онҳо бояд наврасону ҷавононро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани технологияҳои замонавӣ, фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳидоят карда, дар баробари ин, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон ва заҳматдӯстиву масъулиятшиносӣ тарбия намоянд.

Барои иҷрои ин рисолати муҳимму ояндасоз устодону омӯзгорон бояд серталабу сахтгир ва масъулиятшинос бошанд ва хусусан ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ муносибати ҷиддӣ намоянд.

Устодону омӯзгорони мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад ва пояи фардои ободу пешрафтаи Тоҷикистонро омӯзгорони имрӯза бо донишу маърифат ва заҳмати содиқонаи худ мегузоранд.

Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордидаву корозмуда ва талошу ташаббусҳои омӯзгорони ҷавон дар ҷодаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва миллат эътимоди қавӣ дорем.

Бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари маҳбубамон, бори дигар ҳамаи устодону омӯзгорон, собиқадорон ва кулли кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати пуршарафи омӯзгорӣ барору муваффақият орзу менамоям.

Ҷашни касбиатон муборак бошад, устодону омӯзгорони азиз!

Октябрь 3, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд