Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд.
Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст.
Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






