Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» барои таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе–Чаноқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар айни замон 242 техникаю механизми махсус барои фаъолияти мунтазам дар шароити зимистон омода гардидаанд. Ҳамзамон намояндагиҳои ширкат бо захираи сӯзишвории дизелӣ ва маводи зиддилағзиш таъмин гардида, раванди захиракунӣ идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамасола барои мавсими тирамоҳу зимистон зиёда аз 1 миллион литр сӯзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тонна маводи зиддилағзиш захира карда мешавад. Аз ҷумла, то имрӯз дар намояндагиҳои Варзоб 3700 тонна, Зарафшон 3500 тонна ва Суғд 4700 тонна маводи зиддилағзиш захира гардидааст.
Инчунин кормандони ширкат бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар нуқтаҳои фаъолият ангишту ҳезум ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст.
Роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаҳои кӯҳии дорои релефи мураккаб буда, дар фасли сармо зери таъсири бориши шадиди барф, тармафароӣ, яхбандӣ, сел ва дигар зуҳуроти табиӣ қарор мегирад. Аз ин рӯ, нигоҳдории ин масир назорати пайваста, омодагии техникии пурра ва фаъолияти шабонарӯзии кормандонро тақозо менамояд.
Кормандони «IRS» дар мавсими зимистон бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард намуда, барои бартарафсозии саривақтии тармаҳо ва рафъи дигар ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Омодагии ҳамаҷонибаи техникаву механизмҳо, захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш, инчунин масъулияти кормандон аз ҷумлаи омилҳои асосии таъмини фаъолияти мунтазами роҳи Душанбе–Чаноқ дар мавсими сармо ба шумор мераванд.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд






