СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид

Октябрь 10, 2026 13:00

РӮДАКӢ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони  деҳаи Зарнисор-1-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баъди солҳои тӯлонии интизорӣ  бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1 беш аз 70 сол ба мушкилии норасоии оби тозаи ошомиданӣ рӯ ба рӯ буданд. Ҳоло бо ташаббуси  соҳибкорони деҳа ва ва иқдоми созандаи сокинон ин мушкилӣ пурра бартараф гардид.

Хати оби нӯшокӣ тақрибан як километрро фаро мегирад. Оби нӯшокӣ дар зарфи калон ҷамъоварӣ ва аз он бо қубурҳои алоҳида ба таври худҷорӣ ба ҳар хоҷагӣ тақсим карда мешавад.

Бояд гуфт, ки хати оби нӯшокӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кашида шуда, ба ин восита мушкилоти сокинони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа бартараф гардид. Имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоат бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми сокинон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва дигар корҳои ободонӣ идома доранд.

                      АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

 

Октябрь 10, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд