Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси Маркази технологияҳои рақамӣ ва лабораторияи рақамикунонӣ дар Китобхонаи миллӣ бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосири Корея дар вохӯрии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Корея ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Густариши ҳамкорӣ байни китобхонаҳои ду давлат, табодули таҷрибаи кормандони соҳаи китобдорӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва ба роҳ мондани робитаҳои касбӣ метавонад дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба саҳми назаррас гузорад.
Ҷонибҳо инчунин ба омода намудани барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхона дар самтҳои китобхонашиносии рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи мероси хаттӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишии мутахассисони китобхонаи миллӣ ба китобхонаҳои Ҷумҳурии Корея диққати махсус зоҳир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 17 давлати хориҷӣ 29 санади ҳамкориро дар соҳаи китобдорӣ ба имзо расонидааст.
Пас аз вохӯрӣ меҳмонон бо фаъолияти гӯшаи фарҳангии Корея дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






