Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони мамлакат аз тухмии ҳосили соли 2026 барои кишти соли 2027 218 ҳазору 812 тонна картошка ва 22 ҳазору 383 тонна чигит захира менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи апробатсияи гузаронидашуда, майдони кишти тухмии навъҳои зироати ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо ва хӯроки чорво муайян гардид, ки бо назардошти захираи тухмии ҳосили соли 2026 барои кишти соли 2027 дар ҷумҳурӣ ғалладонагиҳо 74657,0 тонна захира мегардад.
Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини кишоварзӣ дониста мешавад, зеро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи асосиро маҳз тухмии хушсифат ишғол мекунад. Тухмии зироати кишоварзӣ бояд дар дохили мамлакат коркард, минтақабоб ва ба навъҳо ҷудо гардида, сипас барои истеҳсол намудан ба деҳқонон пешниҳод гардад. Зеро яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифати зироат мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 128 хоҷагии махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи асосии онҳо таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятиву инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусияти биологӣ мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






