Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад

Ноябрь 1, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар 2 ҳазору 102 гектар сабзӣ кишт карда шудааст, ки айни замон ҷамъоварии ҳосили он  идома дорад, иттилоъ медиҳад  мухбири АМИТ «Ховар».

Сабзӣ яке аз маҳсулоти асосии истеъмолии аҳолӣ маҳсуб меёбад ва талаботи бозор ба он ҳамеша баланд аст. Маҳз ҳамин омил боиси он гардидааст, ки парвариши сабзӣ дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.

Дар ноҳия сабзӣ асосан ҳамчун кишти такрорӣ парвариш карда  мешавад. Кишоварзон пас аз ҷамъоварии гандум, полезӣ ва дигар навъҳои зироати кишоварзӣ заминҳоро омода намуда, дар онҳо сабзӣ кишт мекунанд. Аз ҳар як гектар аз 45 то 50 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.

Ба иттилои масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, айни замон корҳои ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дошта, кишоварзон талош доранд ҳосили ба дастомадаро сари вақт ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод намоянд.

Ҷамъоварии сабзии аз кишти такрорӣ на танҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, балки барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин ва афзоиши даромади кишоварзон низ аҳамияти муҳим дорад.

Масъулони соҳа изҳор доштанд, ки истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, риояи муҳлати кишту ҷамъоварии маҳсулот ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз омилҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 1, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид