Пешвои миллат ҳимоятгари манфиатҳои модарон

Декабрь 30, 2015 11:56

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Зан ҳамчун офаридгори насли инсонӣ ва равшангари роҳи онҳо дар ҷомеа мақому манзалати махсуси худро дорад. Бо ба даст овардани истиқлолият мақоми зани тоҷик дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёфт. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» иқдоми ҷиддӣ дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҷомеа гашта, бори дигар ифодагари иродаи сиёсии роҳбарияти олии мамлакат ва эътимоду бовар ба қудрату садоқати зани тоҷик гашт. Амали мазкур нишондиҳандандаи дастгириҳои давлат дар самти ҳавасмандгардонии ин қишри ҷомеа ва ҷалби васеи онҳо ба корҳои идоракунӣ дар тамоми сатҳҳо мебошад, ки баъди қабули он имтиёзҳои муайян барои васеъшавии фаъолнокии сиёсии занон амалӣ гашта, имконият доданд, ки намояндагии занон дар сатҳҳои гуногуни қабули қарор зиёд карда шаванд. Тибқи ин фармон дар ҳама мақомоту сохторҳои давлатӣ як нафари муовинон аз ҳисоби занон таъин карда шуданд, ки барои ҳавасмандгардонии онҳо иқдоми хубу самарабахш буд. Вобаста ба вазъи кунунии гендерӣ дар кишвар қайд намудан зарур аст, ки он тамоюли мусбат дошта, давлат ҳаматарафа ба рушди муносибатҳои баробар байни ҷинсҳо манфиатдор аст, зеро таҳлили вазъи воқеӣ нишон медиҳад, ки маҳз тавассути амалӣ намудани сиёсати мутавозини гендерӣ расидан ба Рушди ҳадафҳои ҳазорсола имконпазир буда, ин нуқта яке аз мақсадҳои онро ташкил медиҳад.
Ин дастгириҳои Пешвои миллат аз зан-модар нишонаи садоқат ва вафодорӣ, эътимод ва бовар ба кувваю иродаи занони тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамчун сарвари сиёсӣ маҳз Президенти мамлакат бо пуштибонии амиқи худ тавонист собит намояд, ки истифодаи неруи занону модарон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва ягонагии кишвар омили самарабахш мебошад. Бо ташаббусҳои созандаи худ Пешвои миллат тавонист қолабҳои куҳнашударо оид ба мавқеъ ва мақоми занон дарҳам занад. Имконият дод, то ҷомеа ба мавқеи зан-модар дар ҷомеа ва оила диди орӣ аз хурофот дошта бошад. Маҳз дар баромадҳои худ пайваста таъкид мекард, ки Зан-модар он олиҳаест, ки агар фарзанд тамоми умр хизматашро кунад, якшаба бедорхобии ўро ҷуброн карда наметавонад. Пешвои миллат ба зани тоҷик имконият дод, то ворисияти худро ба ин сарзамину ин ватани аҷдодӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дарк намуда, ба раванди бунёди давлатдории навин огоҳона ва бо эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ ворид шавад. Дар ин ҷабҳа дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон басо шоистаю қобили сипоси занону модарони тоҷик мебошад. Маҳз тавассути амалӣ намудани сиёсати мақсадноку дурбинонаи роҳбарияти давлат зани тоҷик имконияти воқеии дарёфти мақому манзалати арзандаи худро соҳиб гашта, тавонистааст тавассути донишу маҳорат, азму талош, эҳсоси баланди худшиносию ватандорӣ дар сафи пеши созандагону ободгарони ин сарзамини аҷдодӣ қарор гирад. Дар баробари ин ҳама. бузургтарин рисолати зан рисолати модарист, ки занони мо онро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд. Тарбияи фарзандонро дар рўҳияи баланди ватандорию ватандўстӣ, инсондўстию бунёдкорӣ ба роҳ монда, бо ин васила метавонем ворисони сарбаланди ояндаи ин кишвари куҳанбунёду соҳибтамаддунро тарбия намоем.
Таҷлили Рўзи Модар, ки ба яке аз идҳои муборак дар ҷомеа мубаддал гаштааст, боз як ташаббуси созандаи Президенти мамлакат дар самти арҷгузорӣ ба заҳмати модарон аст, ки дар пойдории оила ва тарбияи фарзанд нақши онҳо басо калон аст.
Дар ин раванд таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маърифатнокии занону духтарон мақоми махсус дошта, аз рўзҳои аввали роҳбарӣ, новобаста ба авзои сиёсии кишвар Ҷаноби олӣ талош намуд, то баҳри ҷалби духтарон- модарони оянда ба илмомўзӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, зеро давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд, метавонад ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ бошад. Ин аст, ки барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон дар мактабҳои миёна ва олии кишвар давлат ва Ҳукумат ғамхориҳои зиёде зоҳир менамоянд. Маҳз барои аз кўҳистони дурдасти кишварамон ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани духтарон квотаи президентӣ таъсис ёфт, ки ин таҷрибаи нодир дар амалияи татбиқи сиёсати гендерӣ дар кулли кишварҳои ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷабҳа дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон басо шоистаю қобили сипоси занону модарони тоҷик мебошад. Имрўз маҳз тавассути ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳазорҳо нафар ҷавондухтарони мо имконияти таҳсилро дар хориҷи кишвар ба даст овардаанд, ки ин ҳам мояи сипосу миннатдорист.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалинамоии онҳо» қадами ҷиддие дар самти ҳалли масъалаҳои гендерӣ гашта, дар заминаи он боз як қатор санадҳои дигар қабул шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки аз аввал дар ҳама ҷомеаҳо назарҳо ба ширкати занон дар корҳои ҷамъияти гуногун буд. Бархе онро ҷонибдорӣ намуда, қисми дигар мухолиф буданд. Ва ин масъала то ба имрўз вижагиҳои хоси худро дорад. Вале, новобаста ба ин ҳама, қабули конуни мазкур имконият дод, ки дар афкори ҷомеа вобаста ба масъалаи мавқеъ ва ҳуқуқи занон табаддулоти ҷиддӣ ба амал оварда шавад.
Бо мақсади пойдории оилаҳои солим ва аз байн бурдани зўроварӣ дар онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила” 19 марти соли 2013 қабул гардид, ки мақсад аз қабули қонуни мазкур ин ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила, ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зўроварӣ дар оила мебошад, зеро Ҷаноби олӣ пайваста таъкид мекунад, ки асоси ҷомеаи солимро оилаи солим ташкил медиҳад.
Чунин иқдомҳое, ки баҳри таҳкими мақоми занону ҳимояи модарон дар кишвар амалӣ шудаанд, хеле зиёданд ва онҳо моро водор месозанд, ки дар таҳкими сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ва Пешвои миллат беш аз ҳарвақта фаъолона ширкат дошта бошем.

Шабнам Раҳимова —
корманди Кумитаи кор бо занон ва оила,
аспиранти АИ ҶТ

Декабрь 30, 2015 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна худро ба мавсими гармо ва сармо мутобиқ намоем?
Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оин, анъанаҳо ва либоси миллӣ будааст
ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД. Панду андарзҳои Рӯдакӣ то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд
«ҒАЗАЛ РӮДАКИВОР НЕКӮ БУВАД…». Шеъри Устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам пешгоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Суд метавонад аз ҳисоби падару модар ба манфиати фарзанд то 20-24-солагӣ алимент ситонад
МАСЛИҲАТИ РАВОНШИНОС. Чӣ тавр кӯдакро ба таҳсил ҳавасманд кардан мумкин аст?
ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Арҷ гузоштан ба он нишонаи эҳтиром ба гузаштагон аст
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
АБАРУСТОДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо барои ҳаёти сокинони сайёра муҳиму саривақтӣ мебошанд
Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд