Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пешвои миллат буд ва ҳаст

Январь 29, 2016 16:45

Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Таърих баёнгари он аст, ки танҳо шахсиятҳои барҷаста бо корнамоиҳои шоёну ибратбахш ва андешаи солиму иқдомоти наҷиб дар ташаккулу таҳаввули ҳаёти ҷомеа нақшу мақоми арзанда доштаанд. Дар лаҳзаҳои ҳассостарини таърих ҳар қавму миллат амалӣ гардидани охирин умеду армони худро маҳз ба ташаббус ва иқдомоти чунин шахсиятҳо бовар мекунад.
Мардуми тоҷик, ки дар масири пуршебу фарози таърих ҳамеша бо сахтиву сардӣ ва каму костиҳо даст ба гиребон буд, ниҳоят пас аз ҳазор соли бедавлатӣ дубора ба рӯяш шӯълаи бахту саодат ҷилва зад. Дар харитаи ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон пайдо гардид. Мутаассифона, неъмати бебаҳои истиқлолият ба хоки Тоҷикистон бо мушкилот ва бӯҳронҳои амиқи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ворид гашт. Дар тӯли чанд соли ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар кишвар, ки ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони моро аз байн бурду иқтисоди бе ин ҳам ночизи давлати моро касод намуд, шӯълаи умеди аксари сокинони кишварро ба фардои пурсаодат хомӯш сохт. Мардум дигар ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо назари шубҳа менигаристанд… Аммо таърих ба бахти мардуми азияткашидаи мо боз як имкони дигар ҳадя намуд…
Дар ҳадисе омадааст, ки агар Худованд беҳбуди ҳаёт ва хушбахтии қавму миллатеро хоҳад, шоҳи одилеро болои эшон ҳукмрон мегардонад. Дарвоқеъ, Худованд бори дагар ба мардуми сарзамини мо бо назари раҳмати хеш нигарист ва зимоми тақдири фардои миллатро шоҳи одилу хирадманд ва сарсупурдаи давлату миллат Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи декабри соли 1992 зимни муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Маҳз чунин суханони самимӣ, ки аз ҷониби роҳбари тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, қалби ҳазорон нафар ҳамватанони моро ба ояндаи неки давлату миллат гарм намуд. Эмомалӣ Раҳмон ба савганди хеш устувору содиқ монд. Дар лаҳзаҳое, ки касе кафолати амнияти ӯро ба уҳда намегирифт, бо ҷасорат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба кишвари ҷангзадаи Афғонистони ба мо ҳамсоя сафар намуд. Зимни ин сафар, ӯ бо муроҷиат ба гурезагони тоҷик гуфта буд: “Ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем”. Чунин садоқат ва муҳаббати Сарвари давлат нисбат ба миллат буд, ки дар як муддати кӯтоҳ миллион муҳоҷири тоҷик азми Ватан намудаву халқи тоҷик роҳбари муаззами худро чун пешво ва раҳнамои миллат пазируфт.
Дар марҳилаҳои баъдӣ низ Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳидсозии миллат, ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, бунёди давлати миллӣ, эъмори сохти конститутсионӣ, барқарор намудани иқтисоди харобгардида, эҷоди фазои баробарҳуқуқӣ, ироаи пешниҳоду таклифҳои шоён аз минбарҳои баланд, аз ҷумла минбари Созмони Милали Муттаҳид доир ба соҳаи об, ҳифзи муҳити зист, алоқаманд набудани дини мубини ислом бо терроризму ифротгароӣ ва дигар ташаббусҳои созандаи худ дар самту арсаҳои мухталиф ба дили халқ ҳамчун Пешвои миллат роҳ ёфт.
Ба сифати Пешвои миллат пазируфта шудани Эмомалӣ Раҳмон як амри воқеӣ ва комилан мунсифонаест, ки бар ивази ҷонбозиҳояш дар роҳи ҳаёти саодатмандонаи миллат ба даст омадааст. Халқи тоҷик ба Пешвои хеш ба сифати дармонбахши дарди миллат ва бунёдгузори воқеии сулҳу ваҳдат менигарад ва ин амал аз сафарҳои Президенти кишвар ба дилхоҳ гӯшаву канори мамлакат ба хубӣ ҳувайдост. Имрӯз миллати тоҷик ба хубӣ воҷибияти амри шоҳ ва гиромидошти манзалати ӯро дарк намудааст, зеро ин ғоя аз мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо мардуми мусулмони мо ба он пайравӣ менамоянд, бармеояд.
Ҳарчанд мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳанӯз аз оғози ба сари ҳокимият омаданаш ба сифати Пешвои хеш шинохта буд, ҳоло бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, ба хотири ҳифзи якпорчагии миллат ва сулҳу салоҳ бо муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат бори дигар лозим донист, то ба амри Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва вакилони мардумӣ дар ин самт иқдом намуданд.
Чунончи раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» иброз дошт: “Лоиҳаи Қонун аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сўи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳияву пешниҳод гардид”.
Дарвоқеъ, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки бӯҳронҳои сиёсиву идеологӣ кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор ва халқҳои муттаҳиду сарҷамъро ба парокандагиву нифоқ мерасонанд, якдиливу якпорчагӣ, ҳусни тафоҳум ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои миллат беш аз пеш ногузир аст, зеро халқи тоҷик ба донишу заковат ва таҷрибаву матонати Пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмон эътимод ва эҳтиёҷ дорад!

Афшини Муқим,
котиби матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 29, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода