Бо “сиёсати дугона” наметавон бар зидди терроризм мубориза бурд!

Февраль 11, 2016 10:07

Душанбе, 11.02.2016.(АМИТ „Ховар“).-Солҳои охир иддае аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо истифода аз эҳсосоти диниву мазҳабии мардум ва махсусан мусулмонон ба қавли машҳур обро лой карда, моҳӣ мегиранд. Ба он нигоҳ накарда, ки дини мубини ислом бо таълимоти саршор аз некиву накукорӣ ва ахлоқи ҳасана зуҳур намуда, ҳама гуна аъмоли зиштро мавриди накӯҳиш қарор медиҳад, гурӯҳу равияҳои алоҳида ҳадафу мақсадҳои худро бо ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд ва оёти қуръониву аҳодиси набавиро (махсусан чанд ояти аввали сураи “Тавба”-ро) мутобиқ ба талабот ва манфиати хеш шарҳу тафсир мекунанд. Ҷараёнҳои ифротӣ ва тундгаро арзишҳои миллии мардумони оламро нодида гирифта, рӯз ба рӯз бо амалҳои хунин ва гӯшношуниди худ ҷаҳониёнро ба даҳшат меоварданд.
Ҳодисае, ки ахиран дар шаҳри Ҷараблуси музофоти Ҳалаби Сурия иттифоқ уфтод, бори дигар чеҳраи манфури ифротгароёнро ба дунё муаррифӣ намуд. Силоҳбадастони гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” писараки 14-солаеро дар мазҳари ом, дар пеши чашми волидонаш бо як бераҳмӣ ба қатл расониданд. Террористон баъди ин амали худ изҳор доштанд, ки писаракро барои “хиёнат” қатл кардаанд, то ин ки ба дигарон “дарси ибрат” шавад. Ин гурӯҳи сарсахти террористӣ ба он хотир ин наврасро “хоин” хондаанд, ки ӯ дар масҷиди марказии Ҷараблус, он ҷо ки ҷангиён намозгузорӣ мекунанд, дар адои намози ҷумъа иштирок накардааст.
Ин амали разилона ва бераҳмонаи пайравони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар ҳолест, ки Қуръони маҷид “дар дин маҷбур кардан раво нест” (“Бақара”, ояти 256) мегӯяд. Худованд ҳаргиз ба инсонҳо амалеро воҷиб нагардонидааст, ки фориғ аз тавони эшон бошад.
“Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад” (сураи “Бақара”, ояти 285).
Ҳарчанд ифротгароён худро “ҳомии дин” хондаву умури худро гӯё дар доираи аҳкоми шариати исломӣ тарҳрезӣ ва татбиқ менамоянд, аммо дар асл ҳеҷ як кору кирдори эшон наметавонад ҷавобгӯи меъёрҳои фармудаи таълимоти исломӣ бошад, зеро Худованд дар ояти 20-уми сураи “Луқмон” мефармояд:
“Ва аз мардум касе ҳаст, ки ба ғайри дониш ва ба ғайри ҳидоят ва ба ғайри Китоби Равшан дар боби Худо ҷидол мекунад”.
Гузашта аз ин, шахси мусулмон намози худро бо зикри бахшоишу меҳрубонӣ (ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон) оғоз карда, онро бо ба забон овардани салом (сулҳ), раҳмат ва баракоти Худованд нисбат ба атрофиён ба анҷом мерасонад. Пас, чӣ гуна метавон куштору даҳшатҳои чунин фирқаву равияҳои ифротиро бо таълимоти дини мубини ислом тавъам ва ҳамрадиф донист?
Ҷои таассуф аст, ки ҳарчанд имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари терроризму экстремизм дар ҳарос аст, аммо пайдост, ки танҳо бо маҳкум кардану ба шигифт омадан дар баробари ин ё он амали хунин наметавон пеши роҳи ин хунхоронро гирифт, зеро баъзе аз ниҳодҳо ва ҳатто қудратҳо зоҳиран қатлу куштори гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намуда, аммо дар асл дастгиру мададгори онҳо ба ҳисоб мераванд.
Чунончи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба мақоми олии қонунбарор иброз намуд:
“Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад”.
Дарвоқеъ, ҳоло вақти он расидааст, ки кишварҳои мусулмоннишин дар мавриди марбут ва махлут набудани таълимоти ислом бо терроризму даҳшатафканӣ барномаҳои хоссае рӯи даст дошта бошанд ва шиори “муъминон бародари якдигаранд” (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 10)-ро амалан дар зиндагӣ мавриди истифода қарор диҳанд, зеро бидуни ваҳдат ва якпорчагиву якмаромии мусулмонон наметавон муборизаи муташаккилонаву муттаҳидонаеро бар зидди зуҳуроти нангини аср ба роҳ монд.
“Ва шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед” (сураи “Оли Имрон”, ояти 103).
Афшини Муқим,
котиби матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода