Ҷараёни Салафия дар Миср ва гумроҳии бархе аз ҷавонони тоҷик

Май 25, 2016 11:34

Душанбе, 25.05.2016. /АМИТ Ховар/. Асосҳои идеологии аввалини равияи салафӣ дар асри ҳаштуми ҳиҷрӣ аз ҷониби Аҳмад ибни Таймия гузошта шудаанд. Асари тундгароии Ибни Таймия, ки барои пешгирии ҳамлаи муғулҳо равона гардида буд, дар амалу кирдори пайравони имрӯзаашон ба шакли равшан ҳувайдо гардид.
Дар асри дувоздаҳи ҳиҷрӣ аз ҷониби Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби ат-Тамимӣ ин равия дубора зинда гардид. Маъруфтарин асосгузорони ин равия Ибни Қайими Ҷавзӣ, Абдураҳмон ибни Носири ас-Саъдӣ ва Муҳаммад Носири Албонӣ ба шумор мераванд.
Ғояи асосии ин равия — ҳамон тавре, ки пайравонашон даъво мекунанд,  гӯё зинда кардани суннати набавӣ ва азнавнигарии ояҳои Қуръони Карим мебошад. Онҳо ба тамоми аҳодис ва оятҳо нигоҳи сатҳӣ намуда, тамоми имомҳои чаҳоргонаи исломро мавриди шубҳа қарор додаанд. Ин амали онҳо насли наврасро аз фарҳанги ниёгони худ бегона хоҳад кард. Камтарин зараре, ки дар нафсияти ҷавонон мерасад, ин дар шубҳа андохтани онҳо дар масъалаҳои ақидавӣ мебошад.
Маҳз бо ҳамин роҳ ҷавононе, ки заминаи кофии илмӣ надоранд ва аз камтарин асосҳои динӣ бехабаранд, бо ҳар роҳу васила барои таҳсили ақидаҳои салафӣ ҷалб карда мешаванд. Чуноне, ки гурӯҳи дигареро барои ҷиҳод сафарбар мекунанд. Дар ин маврид зикр кардан лозим аст, ки танзими гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ) ақидаҳои равияи салафиро дар майдони набард пиёда карда истодааст. Онҳо бо бераҳмии хос хуни мусалмонҳоро мерезанд, чуноне ки салафиҳо ба осонӣ мусалмонҳоро ба фосиқӣ ва куфр ҳукм карда, танҳо худро шахсони покиза ва бегуноҳ мепиндоранд. Дар баробари ҳамин рехтани хуни ҳазорҳо одамони бегуноҳро барғалат ҷиҳод меноманд.  Муфтии собиқи Миср Алӣ Ҷумъа дар хутбаи намози ҷумъаи гузашта дар шаҳри Порт-Саид салафиёнро чунин номид: Онҳо сагони дӯзаханд.
Салафиҳо ҳаводорони худро одатан аз кишварҳои ҷангзада ва ё кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи иқтисодӣ начандон хуб аст, ҷалб мекунанд. Онҳоро бо раводиди сайёҳӣ ба Миср даъват намуда, сипас барои гирифтани иҷозаи иқомат ба донишгоҳи Ал-Азҳар пешбарӣ менамоянд. Онҳо бо вуҷуди он ки дар ин донишгоҳ қайди ном мегарданд, аммо дар асл аз таълимоти ин доншгоҳ фарсахҳо дуранд ва нисбат ба он хушбин нестанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки дар донишгоҳи Ал-Азҳар ба мисли мактабҳои суннатии динии минтақаи Осиёи Марказӣ ақидаи Имом Ашъарӣ ва Имом Мотуридӣ ба донишҷӯён таълим дода мешавад.
Ҳамин аст, ки Шайхи Ал-Азҳар дар ҳаққи салафиҳо чунин гуфтааст: Салафиҳо хавориҷиҳои ин асранд (Хавориҷ касоне буданд, ки бар зидди саҳобагони Пайғамбар(с) ҷанг эълон намуда буданд).
Азбаски Донишгоҳи Ал-Азҳар дар асоси шумораи мавҷудаи донишҷӯён аз кишварҳои Халиҷи Араб маблағгузорӣ мегардад, дар аввал барои пешгирии зуҳури салафиҳо кӯшишҳои лозимӣ ба харҷ дода нашуд.
Ҷавононе, ки ба сафи салафиён ҷалб шудаанд, дар ҳама гӯшаву канори кишвар ҷойгир кунонида мешаванд. Ҳанӯз тазоҳуроти ба ном Баҳори араб оғоз нашуда буд, ки ҷавонони аз дигар кишварҳои мусулмонӣ ба сафи салафиён ҷалбгардида  дар биноҳои қаблан иҷора гирифташуда ба таври алоҳида ҷойгир карда мешуданд. Онҳо куллан аз дигар мардум намоишкорона худро ҷудо мекарданд, алоҳида гаштугузор мекарданд, танҳо дар назди ҳамон устодҳое, ки бо онҳо ҳамақида буданд, дарс мехонданд.
Равияи салафия қароргоҳҳои худро бештар дар вилоятҳои наздисоҳилӣ, аз ҷумла Александрия, Мансура, Танто ва Қоҳира ҷойгир намудааст, зеро ин минтақаҳо аз минтақаҳои пураҳолӣ шинохта мешаванд.
Салафиҳои Миср аз ҷониби кишварҳои Халиҷи Араб маблағгузорӣ гардида, онҳо дар тамоми телевизиону радиоҳо барномаҳои тарғиботӣ роҳандозӣ карда буданд. Баъд аз ба сари қудрат омадани Абдулфаттоҳ СиСӣ — президенти ҳозираи Миср ин раванд ба шакли назаррас коҳиш дода шуд.
Барҳам додани барномаҳои телевизионӣ, коҳиш додани баромадҳои онҳо дар шабакаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, фармони вазорати Авқоф оид ба манъ намудани иштирок ва сухангӯии онҳо дар хутбаҳои намози ҷумъа, мақолаҳои фошкунандаи нашрияҳои маҳаллӣ болои ин гурӯҳ таъсири равияи салафиро нисбат ба сокинон камтар намуд. Бо вуҷуди ҳамин, бинобар ҳолати бади иқтисодӣ ҳукуматдорони кишвар наметавонанд ба шакли назаррас болои ин гурӯҳ фишори куллӣ биёранд.

То замони пеш аз вуқӯи тазоҳуроти ба ном Баҳори Араб ҳаракати салафиҳо агарчӣ фаъол буд, аммо онҳо тартибу танзим ва раёсату идораи маъруф надоштанд. Аммо имрӯз чуноне, ки дида мешавад, салафиҳо соҳиби сохтору ҷамъиятҳо гардидаанд. Бо иллати ин ки салафиҳо дар даст қдоре маблағҳои пулӣ доранд, ба худашон моил кардани донишҷӯёни камбизоат ба онҳо ба осонӣ даст медиҳад. Бисёре аз ҷавонони донишҷӯ ба хотири таъмини таҳсили худ бо салафиҳо ҳамақида мешаванд. Вале баъд аз хатми донишгоҳ аксари он донишҷӯён аз равияи салафӣ рӯ мегардонанд.
Муттассифона, як қисми боқимондаи ин донишҷӯён пурра ба ақидаҳои салафӣ дода шуда, тадриҷан ба пайрави ашаддии ин ҷараёни зиёнкор мубаддал мегарданд.
Бинобар ҳамин, аз донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, даъват мекунем, ки худро аз пайравону таблиғгарони ҷараёни салафия дур нигоҳ доранд

Абдулмуталлиби Абдулманон,
узви Иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик
дар кишвари Мисри Араб

Май 25, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода