Фестивал-озмуни «Тараннуми Истиқлол» бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2016 12:08

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдоди асил, мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» дар се давр баргузор мегардад.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, дар айни замон даври аввал ва дуввуми Фестивал дар минтақаҳо ҷамъбаст гардида, тибқи Низомнома даври ниҳоии он 1 июн  дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор хоҳад гашт.
Дар консерт беҳтарин ҳаваскорон-ғолибони даври аввалу дуввум аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Май 25, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд