Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Президенти кишвар аз ҷониби худ аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳо миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишварро дар заминаи боэътимоди муносибатҳои ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия қайд намуданд.
Ҳамзамон бо ин, ба натиҷаҳои самарабахши фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар қисмати анҷом додани амалиёти фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ кардану ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ишора карда шуд.
Зимнан, Сарвари давлат бо таъкиди як қатор масоили мубраме, ки ҳаллу фаслашон амалҳои минбаъдаи якҷояро тақозо доранд, зарурати идомаи ҳамкории тарафайнро дар самти мубориза ба муқобили ҷиноятҳои зикргардида амри зарур донистанд.
Бо назардошти қарорҳои охири Ҳукумати Федератсияи Русия ҷиҳати ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба сохтори вазорати корҳои дохилӣ ворид намудани хадамоти муҳоҷират, дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар робита ба ин, татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки миёни ду кишвар дар ин ҷода ба даст омадаанд, аз ҷумла дар қисмати таҳкими раванди ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон таъкид гардид.
Президенти Тоҷикистон атрофи ҳодисаи ахири ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Ховани шаҳри Маскав, ки дар натиҷа 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бо нигаронӣ изҳори ақида кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкидан даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилкунандагон ва гунаҳгорони аслии ин латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо судмандии мулоқоти имрӯзаашонро зикр карда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари дӯст дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд






