Як роҳи пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро танзими муҳоҷирати меҳнатӣ аст

Май 4, 2016 15:05

 «Набояд фаромӯш кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ на ҳама вақт ҷавобгӯи манфиатҳои миллии кишвар буда, дар он чандин ҷанбаҳои манфии иҷтимоиву сиёсӣ низ нуҳуфтааст». Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 4.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз рўзи аввали истиқлолият мақомоти қонунгузор ва иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амнияти молиявии кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва минтақавӣ дар бораи молияи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, фаъолияти бонкӣ, суғурта, андоз, гумрук, хазинадорӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, бозори қоғазҳои қиматнок ва муҳоҷирати меҳнатӣ қонунҳо қабул намуд, ки он пешрафти мамлакатро таъмин сохт ва дар оянда низ ба он мусоидат хоҳад кард.
Бино ба гуфтаи номзади илмҳои иқтисодӣ Насимҷон Ойев гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва пайвастан ба ҷараёнҳои ҳамгироӣ боиси пешрафти муносибатҳои иқтисодӣ-молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. «Ҷаҳонишавии иқтисодиёт тақозо менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ-иқтисодии худро бо низоми иқтисодии давлатҳои тараққикарда мувофиқ гардонида, рушди кишварро дар самтҳои мухталиф ба роҳ монад. Ҳоло комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо назаррасанд, ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама, аз интихоби дурусти сиёсати иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд»,-гуфт Н.Ойев.
Дар паёмҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуд, ки рушду ободии кишвар аз насли босавод вобаста аст. Аз ин хотир, ҷавононро зарур аст, ки илму дониш омӯзанду маърифат аз худ кунанд.
Устоди калони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Муҳриддин Ҳабибуллоев мегӯяд, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар дар
солҳои охир — ин маблағҳои аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ воридгардида мебошанд. «Ворид гардидани маблағ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ, агар аз як тараф манфиат оварда, даромади аҳолиро зиёд кунад, боиси рушди истеҳсолот, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ ва буҷети давлатӣ гардад., аз тарафи дигар он муҳоҷиронро ба гирдоби терроризму экстремизм ва носозгориҳои байнидавлатӣ гирифтор мекунад. Дар дохили бисёр давлатҳои дунё гурӯҳҳои ифротгаро ташкил ёфтаанд, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳу восита шефтаи ваъдаҳои дурӯғи худ сохта, ба давлатҳое, ки дар он ҷо ҷанг аст, мебаранд»,-илова намуд Муҳриддин Ҳабибуллоев.
Н.Ойев таъкид намуд, ки ҷавонон бояд шукронаи тинҷиву оромии давлат намуда, дар партави Истиқлолият илму дониш аз худ кунанд, дӯстро аз душман фарқ карда тавонанду фирефтаи доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
«Донишу малакаи кофӣ ва донистани забони хориҷӣ барои пайдо намудани ҷои кори муносиб ва ҳифзи манфиатҳо хеле заруранд. Аз ҳамин сабаб бояд корҳои фаҳмондадиҳиро байни муҳоҷирон ҷоннок кард, то ҳар гуна афроди гумроҳ ба муҳоҷирон таъсири манфӣ нарасонанд ва онҳоро барои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ даъват насозанд»,- зикр намуд Муҳриддин Ҳабибуллоев.
Ҳамзамон бо назардошти воқеият, ҷавҳари сиёсати давлати моро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳое ташкил медиҳанд, ки ба бартараф намудани падидаҳои манфии дар ин самт ҷойдошта равона гардидаанд.

Май 4, 2016 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода