Духтарони футболбози тоҷик ба Осиё-2017 омодагӣ мегиранд

Июнь 1, 2016 14:11

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола маълум шуданд. Бар  асоси қуръакашӣ  тими  мунтахаби  Тоҷикистон  дар  гурӯҳи Б бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Узбекистон, Тайван, Ҳонконг ва Покистон майдондорӣ хоҳанд кард. Интизор аст, ки рақобатҳо дар гурӯҳи «Б» аз 29-уми октябри соли равон то 6-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шаванд. Футболбоздухтарони тоҷик нахустин дидори худро бо ҳарифони покистонӣ 29  октябр анҷом медиҳанд. Бозӣ бо тими Узбекистон 31-уми октябр сурат хоҳад гирифт. Дар даври сеюм, ки 2-юми ноябр дар назар аст, хубони футболбози тоҷик бо ҳамтоёни тайвании худ қувва меозмоянд. Дар охирин дидори  гурӯҳӣ  футболбоздухтарони  мо  6  ноябр бо тими  мунтахаби Ҳонконг майдондорӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки мувофиқи тартиби муқаррарӣ дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим гардидаанд. Чор дастаи ғолиби гурӯҳҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 роҳхат мегирад ва ба чор дастаи беҳтарини мусобиқаи охирини қитъавӣ  Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи  Ҷанубӣ  ва  Чин  ҳамроҳ  мешаванд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи  қаҳрамонии  Осиё  миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ ҳашт даста ширкат меварзад.

Июнь 1, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад