Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб шинос шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки корҳои сохтмони дар ин қитъаи лоиҳа моҳи январи соли 2011 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли равон ба итмом расонида шаванд.
Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ бунёди роҳ мувофиқи нақша ҷараён гирифта, корҳои сохтмони пулҳо ба пуррагӣ анҷом ёфтаанд. Роҳсозон дар ҳамин моҳ дар масофаи 4,5 км қабати аввали роҳро мумфарш карда, дар маҷмуъ бо маблағи беш аз 5 млн доллар корҳои роҳсозиро ба анҷом расонидаанд.
Сарвазири мамлакат дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ аз маҳалли корҳои омодасозии таҳкурсии роҳ, корҳои тахту ҳамворнамоии хоктеппаҳо, бунёди саддҳои муҳофизатӣ, пойдеворҳо ва ҷӯйу обравҳои канори роҳ дидан карда, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои пешбинишуда масъулини соҳаро вазифадор намуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳарчанд дар иҷрои нақшаи корҳои роҳсозӣ нисбатан пешравиҳо ба назар мерасанд, вале дар аксар қитъаҳои роҳ корҳо мувофиқ ба нақшаи тақвимӣ роҳандозӣ нашудаанд.
Бо назардошти он, ки рафти татбиқи ин лоиҳаи муҳими роҳсозӣ таҳти назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз роҳбарият ва масъулони вазорати нақлиёт, маркази татбиқи лоиҳа ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ талаб карда шуд, ки дар бунёди роҳ талаботи муосири ҷаҳонӣ риоя гардида, тамоми корҳо бо сифати аъло ба анҷом расонида шаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар сохтмони қитъаи роҳи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб мутахассисон ва роҳсозони Тоҷикистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Лубнон ва Кувейт дар ҳамбастагӣ фаъолият карда, шумораи умумии коргарони лоиҳа ба 710 нафар мерасад. Аз шумораи умумии коргарон 595 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Дар сохтмони ин қитъаи афзалиятноки роҳ беш аз 250 техникаю таҷҳизоти кории муосир сафарбар карда шудаанд. Масофаи умумии қитъаи роҳ 40 км-ро ташкил дода, он ҳамчунин сохтмони 10 адад купруки андозаҳои гуногундоштаро дар бар мегирад.
Дар ситоди сайёри корӣ, ки дар мавзеи татбиқи лоиҳа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, корҳои дар моҳи июн анҷомдодаи роҳсозон натиҷагирӣ шуда, нақшаи корӣ ва вазифаҳо барои моҳҳои оянда мушаххас карда шуданд.








Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст






