Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2016» оғоз шуд
Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2016» дар доираи Рӯзи соҳибкор, ки ҳамасола 14 октябр дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад, ба кори худ оғоз кард. Пеш аз оғози форум меҳмонон аз намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ дидан намуданд.
Дар назар аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сухани ифтитоҳӣ ба кори форум оғоз бахшад. Дар форум намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ суханронӣ хоҳанд кард.
Сипас иштирокчиёни форум дар масъалаи «Сиёсати иқтисодии ба сармоягузорӣ асосёфта. Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди иқтисодиёт» баромад мекунанд. Дар ин бахш мавзӯъҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Саҳми бахши хусусӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ», «Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар рушди истеҳсолот», «Имтиёзҳо ва инфрасохтори МОИ ва дурнамои рушди МОИ» ва дигар мавзўҳои марбут ба МОИ матраҳ мегарданд.
Дар ин бахш Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кристофер Миллер, роҳбари лоиҳаи минтақавии «Таҷрибаи глобалӣ оид ба савдо ва рақобатпазирӣ», Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Туула Юрёля, роҳбари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Шафқатхонум Ализода, директори минтақавии ташкилоти ОКСФАМ, Руанг Бандзюн, роҳбари ҶДММ «Ауфен», МОИ «Данғара» ва дигарон маърӯза мекунанд.
Мавзӯи бахши дуюми форум «Воридотивазкунӣ — имконияти нави соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Мирзо Саидов, директори ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Алекс Плеханов, муовини директор оид ба тадқиқоти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Антонио Фанелли, мушовири калон оид ба соҳибкорӣ ва сиёсати корхонаҳои хурду миёна, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Роман Черемисин, роҳбари ҶСП «Объединенные водные технологии» аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар намояндагон дар масъалаи сиёсат ва имкониятҳои воридотивазкунӣ, заминаи қонунгузории соҳа, густариши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда, пайдо намудани бозорҳои нав барои содироти маҳсулоти ватанӣ ва имтиёзҳои мавҷуда барои истеҳсоли махсулоти ватанӣ андешаҳояшонро баён медоранд.
Мавзӯи бахши сеюми форум ба масъалаи «Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ — заминаи рушди истеҳсолоти миллӣ» бахшида шудааст.
Дар фарҷоми кори форум санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд. Дар назар аст, ки иштирокчиён инчунин изҳороти Форумро қабул кунанд.








Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






