Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамватанони бурунмарзии мо заминаи иртиботи доимӣ бо Ватани аҷдодияшонро фароҳам овард

Январь 31, 2017 09:02

imageДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузор ва шахсияти меҳварии сиёсати хориҷии мо барои ҳамватанони бурунмарзӣ, собиқ тоҷикистониёне, ки баъди аз ҳам рехтани давлати шӯравӣ ва замони ҷанги шаҳрвандӣ бо амри тақдир ва зарурати замон Тоҷикистонро тарк намуда, имрӯзҳо дар дигар кишварҳои дунё кору истиқомат доранд, заминаи иртиботи доимӣ бо Ватани аҷдодияшонро фароҳам овард.

Президенти кишвар ба ғайр аз он ки ба ин табақаи ҷомеа ҳаққи рафтуомади озод ва иртиботи доимӣ бо Ватани аҷдодияшонро дод,  дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатии онҳоро низ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад донист. Ин ҷост, ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 тасдиқ  шудааст, дар доираи дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстонаи кишвар ба масъалаҳои марбут ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷойгоҳи шоистаи онҳо дар сиёсати хориҷии кишвар таъкид шудааст. Дар ин санади муҳим омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи табиқи сиёсати хориҷии хеш ба иттиҳоди ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳифзи вижагиҳои этнофарҳангӣ, аз ҷумла забони модарӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишварҳои будубоши онҳо мусоидат хоҳад кард». Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин  возеҳ зикр шудааст, ки мо ба хотири идомаи фаъолияти созандаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҷиҳати таҳкими робитаҳои кишвар бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби зарфиятҳои онҳо барои рушди ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ ва маънавиву фарҳангӣ, эҷоди ҳусни таваҷҷуҳ ва муносибати хайрхоҳона ба Тоҷикистон ва мардуми он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва доираҳои сиёсии байналмилалӣ мусоидат хоҳем кард.

19545104221_7ec9544517_o

Кор бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар дар маърази сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои хеш ба хориҷи кишвар дар ҳар қитъае дунё- аз паҳнои Россия ва кишварҳои пасошӯравӣ сар карда, то Аврупову Амрико, кишварҳои Осиёву Африқо, умуман ҳар куҷое сафарҳои расмиву корӣ доранд, аз рӯи анъана бо ҷамъи ҳамватанони бурунмарзӣ, собиқ тоҷикистониён — намояндагони миллату халқиятҳои мухталиф, ба монанди тоҷикон, яҳудиёни бухороӣ, русҳо ва дигар миллатҳои русзабони ҳамватан суҳбату дидорбиниҳои гарму самимӣ ороста, аз ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии онҳо огоҳ мегарданд. Дар аксарияти вохӯриҳои президент бо ҳамватанон дар кишварҳои мухталифи дунё, роҳбари давлатамон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кӯшиш мекунанд, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо дар ҳамон ҷою замон мусоидат намоянд. Борҳо дар муроҷат ба онҳо гуфтаанд, ки «шумо набояд фаромӯш кунед, ки сарфи назар аз маҳалли ҳозираи кору зиндагии худ фарзандони Тоҷикистон ҳастед ва соҳиби давлати мустақил буда, Ватани хешро доред ва ин Ватан, инчунин миллати шарифатон ҳамеша дар фикри шумост». Бояд таъкид намуд, ки ин гуна мулоқоту суҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба як анъанаи нек ва ҳамешагии сафарҳои хориҷии Сарвари давлати тоҷикон  табдил ёфтаанд ва доимо муфиду самарабахш доир мегарданд.

Аз ҷониби дигар, ҷомеаи ҳамватанони бурунмарзӣ низ аз чанд гӯшиву канораи дунё бар истиқболи оғӯши баркушодаи Меҳани аҷдодии хеш гоми бештаре гузошта, на танҳо иртиботи оддӣ, яъне бароварда кардани ниёиш ва эҳсосоти пазмонӣ ба хоку марзи бобоиро бароварда намуданд,  балки аксари онҳое, ки дар кишварҳои иқомати хеш дар тиҷорату савдо комёбу муваффақанд, сармояи хешро  ба иқтисоди худи Тоҷикистон низ равона намуданд.

2009-09-24hamvatanonМасалан, агар дасти кумаки соҳибкорони тоҷики сокини Россия ба Тоҷикистон дар гузашта асосан бо сохтани масҷиду тармими ягон мазор ё  ин ки ёрӣ ба мардуми мӯҳтоҷ маҳдуд мешуд, дар солҳои охир онҳо ҳарчӣ бештар бо ташаббусҳои иҷтимоие, чун сохтани мактабу роҳҳо, бемористонҳо дар Ватани аҷдодӣ аз худ дарак медиҳанд. Мо шоҳиди он шудем, ки баъди даъвати Сарвари давлат оид ба он ки «дар Ватани аҷдодии хеш низ нақше аз худ гузоред», даҳҳо нафар соҳибкорони тоҷикистонии муқими Россия дар ободии диёр дасту остин барзаданд. Ҳоло аз ҳисоби чандин тоҷикистониёни муқими кишварҳои хориҷӣ дар навоҳии мухталифи кишвар корхонаҳои хурди саноатӣ таъсис ёфта, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ идома дорад. Ин иқдомот дар доираи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар намунаи беҳтарини натиҷаи сиёсати хориҷии мо оид ба ҳамватанон буда метавонад.

Дар ин росто, боз як институти танзимгари густариши бештари ҳамгароии кишварамон бо ҳамватанони бурунмарзӣ – ин Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст, ки  вазифаи асосӣ ва муқаддаси он ҳифзу гиромидошти арзишҳо, суннатҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону кулли мардумони форсизабони дунё мебошад. Эътибори ин ташкилот аз замоне, ки Раисии ин анҷумани бонуфуз бар дӯши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд, хеле зиёд гардид. Тӯли солҳои фаъолияти пурсамар Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон бегумон ба як дастгоҳи мубаллиғии сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, дар барқарор намудани робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамгироӣ миёни сарварони иттиҳодияҳои тоҷикон ва форсизабонон дар саросари ҷаҳон нақши ногузир гузоштааст.

1323845070_diasporaВоқеан ҳам, чуноне дар Консепсияи сиёсати хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст,  имрӯзҳо «раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва  давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии  башар низ хислати ҷаҳонӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархӯрди тамаддунҳо мегардад. Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона аст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкории самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд».

Бинобар ин, боварии комил дорам, ки самти кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ яке аз самтҳои муҳим ва аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бояд дар доираи дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона бо низоми муайян, мунтазам ва басо самаранок пеш бурда шавад.

Муҳаммад ЭГАМЗОД,

Котиби якуми Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2017 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода