Адабиётшиноси маъруф ва профессори шинохтаи тоҷик Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Адабиётшиноси маъруф ва профессори шинохтаи тоҷик Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 12-00 дар маҳалли зисташ баргузор мешавад.
Атахон Сайфуллоев 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Мавсуф солҳои 1950-1954 донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров буда, баъди хатми он дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба ҳайси муаллими адабиёт кор кардааст. Пас аз як соли хизмат, соли 1955 ба аспирантураи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда, курси пурраи онро соли 1958 ба итмом расондааст. Солҳои 1959-1965 ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Номбурда солҳои 1965-1968 ҳамчун мудири кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Ленинобод, солҳои 1968-1973 котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1973-1985 сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, аз сентябри 1985 то феврали 1989 ба сифати ходими пешбар ва сарходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Мавсуф аз моҳи феврали 1989 то августи 1990 дар вазифаи директори Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ фаъолият дошта, солҳои 1990 — 1991 мудири шуъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои миллии КМ ҲК Тоҷикистон, аз солҳои 1991 — 1992 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, аз соли 1992 мудири кафедраи забон ва адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1994 — 2002 котиби масъули шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Атахон Сайфуллоев ҳамчунин як муддат раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва муовини якуми раиси Ҳаракати мазкур буда, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд.
Профессор Атахон Сайфуллоев дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2014) ва ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Мирзо Турсунзода мебошад.
Китобу монографияҳои тадқиқотии ӯ «Тафаккур ва образ» (1968), «Мактаби Айнӣ» (1978), «Мирзо Турсунзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир» (1983, 2004), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (дар шаш ҷилд; ҷ. 11984; ҳамроҳи Х. Мирзозода ва А. Абдуманнонов), «Аркони сухан» (1985), «Малики адаб. Сайре дар гулшани рози Хоҷа Камол» (ҳамроҳи С.Абдуллоев), «Садриддин Айнӣ Қаҳрамони Тоҷикистон» (1998), «Зуфархон Ҷавҳарӣ. Таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Фурӯғи маънавият» (2003), «Ҳусни нигорандагӣ» (зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ, 2003), «Ҳалқаҳои пайванди адабӣ» (2003), «Ҳаким Карим» (2005), «Уфуқҳои тозаи наср» (2006; нашри дувуми такмилёфта дар се муҷаллад, Хуҷанд, 2013) «Ҷону ҷаҳони наср» (2009), дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад» (2007), «Паямбари ишқ» (2012), (ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ), Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX» (ҳамроҳи Осим Каримов, 2011) «Оинаи барқади сухан» (2013) мебошанд.








Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






