ҲАФТ МЕВА, ҲАФТ САЛОМ, ҲАФТ ШИН, ҲАФТ СИН, ҲАФТ СИНӢ, ҲАФТ АМШОСПАНДОН

Март 24, 2017 08:01

ДУШАНБЕ, 24.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафт мева, ҳафт салом, ҳафт син, ҳафт синӣ, ҳафт шин, ҳафт амшоспандон ва ҳафтҳои дигари наврўзӣ шояд ба якдигар иртибот дошта бошанд. Солҳост, ки мо дар ин бора аз тариқи воситаҳои ахбор гуфтаем. Аз ин «ҳафт»-ҳо «ҳафт мева» махсуси тоҷикон аст. Ҳоло ҳам дар байни тоҷикон дида мешавад. «Ҳафтмева»-ро таблиғи бештар бояд кард то дубора эҳё шавад.

Табиист, ки ҳар як расму оини мардумӣ дар тўли таърихи башарӣ ба дигаргуниҳо дучор мешавад, аз як шакл ба шакли дигар мегузарад, гоҳе кам мегардад ва гоҳе зиёд, ҳамчунин бо гузашти замон тамоман аз байн меравад. Агар эътиқоди мардум бар он маросим зиёд бошад, ҷанбаи асотирии он қавӣ бошад, он гоҳ он оин аз насле ба насле гузашта умри бардавом меёбад. «Ҳафтсин», ки ба Наврўз вобаста аст ва ороиши дастархони наврўзӣ аст, ҳамин гуна таҳаввулро аз сар гузаронидааст.

Дар дастархони наврўзии мардуми эронитабор гузоштани чизҳое, ки бо ҳарфи «син» шурўъ мешуда бошад, чандин садсолаҳо ҳаст, ки одат шудааст. Дар ин бора пажўҳандагон тибқи мутолиа, мушоҳида ва шунидаҳои худ изҳори назар намуда, роҷеъ ба таърихи «ҳафтсин» ишоратҳо намудаанд. Вале таҳқиқ ва таҳлил чунин аст, як андешаро андешаи дигар комилтар меозад ва билохира дар натиҷаи баҳсо ҳақиқат пайдо мешавад.

Дар Наврўз дар рўи дастархон чизҳое мегузоранд, ки на фақат «ҳафтсин», балки бо «ҳафтшин» ва ё дар баъзе минтақаҳои Хуросони Эрон бо «ҳафтмим» шурўъ мешавад. Ин калимаҳоро ҳам якҷо менависанд ва ҳам ҷудо. Аксари пажўҳандагон дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои дигар дар навиштаҳои худ мегўянд, ки «ҳафтсин», «ҳафтшин», «ҳафтмим» расму оини қадимӣ аст ва онро то ба рўзгорони пеш аз ислом мансуб медонанд. Баъзеҳо гуфтори худро бидуни ҳеч далел мегўянд. Хушбахтона, баъзеҳо ба далел собит менамоянд, ки асли масъала чист.

Хафт синДар асл ҳарфҳои «син», «шин», «мим» дар алифбои арабиасоси форсӣ ба таври мазкур ном бурда мешаванд. Пеш аз ҳама ба калимасозии ин истилоҳ назар меандозем. Мебинем, ки ин калимаҳо иборатанд аз «ҳафт»-и тоҷикӣ (форсӣ) ва талаффузи «син», «шин», «мим»-и арабӣ. Яъне як ҷузъи он тоҷикӣ ва ҷузъи дигараш арабӣ аст. Адади ҳафт дар байни мардумони гуногуни олам дар мавриди эзадони нек, ситораҳо, рангҳо, мазҳабҳо, гоҳе дар бораи чизҳои бад низ истифода мешавад. Ҳафт дар калимасозӣ ва иборасозии забони тоҷикӣ зиёд ба кор рафтааст: ҳафт табақаи осмон, ҳафт табақаи замин, ҳафтбародарон, ҳафтранг, ҳафтхон, ҳафтҷўш, ҳафтроҳ, ҳафтрўд, ҳафтсар ва монанди ин. Ҳафт дар байни мардуми мо муқаддаст аст, ки дар ин бора суҳбат нахоҳем кард.

Агар дар ин бора ба таври мантиқӣ фикр намоем, маълум мешавад, ки пайдоиши «ҳафтсин», «ҳафтшин» ва «ҳафтмим» пас аз омадани арабҳо дар кишварҳои форсизабон маъмул гардидааст. Вале саволҳое пайдо мешаванд, ки «ҳафтсин» чӣ гуна пайдо шуд? Агар пеш аз омадани арабҳо дар рўи дастархон чизҳое бо шурўи ҳарфҳои «ҳафтсин», «ҳафтшин», «ҳафтмим» гузошта намешуда бошад, пас ин расм чӣ гуна густариш пайдо кард?

Дар илм ҳар санадро, мушоҳидаро, шунидаҳоро ва ҳатто тахминро ба таври мантиқӣ бояд мавриди таҳлил қарор дод. Ҳам далели гуфториро ва ҳам санади навишториро ба таври ҷидӣ таҳқиқ бояд кард.

Мувофиқи баррасиҳои пажўҳандагон Артур Кристенсен, Иброҳим Пурдовуд, Мери Бойс, Меҳрдоди Баҳор, Жола Омўзгор, Ҳошим Разӣ, Баҳром Фараҳвашӣ, Ҷавод Барўманди Саид, Ҳасан Тақизода ва дигарон тибқи расму оини гузаштагон дар охири сол, ки шаби гоҳанбор (ҳар яке аз ҷашни шашгона дар Эрони бостон) бо номи ҳамаспатмадам (hamaspatmadam) аст. Ба гуфти пажўҳандагони фавқ дар ин лаҳазаҳо фраваҳари (арвоҳи) даргузаштагон аз макони осмонии худ ба замин меоянд. Хешовандони фраваҳарҳо бар истиқболи рўҳи онон ба боми хонаҳо оташ меафрўзанд ва хўрок мегузоранд. Ҳамчунин дар яке аз хонаҳои тозаву хуби каси аз олам даргузашта, дастархони рангин паҳн мекунанд. Дар ин дастархон навъҳои хўрданӣ ва нўшиданӣ мегузоранд, то фраваҳарони гузаштагон аз ин рафтори неки наздикон шод гардида, онҳоро баракат ато намоянд.

Хафт син-10Нишонаҳои ҳамин гуфтаҳои пажўҳандагонро то ба имрўз дар шакли дигар, дар байни мардуми тоҷик метавон мушоҳида кард. Масалан, дар рўзҳои Наврўз зиёрат кардани қабри хешовандон, то арвоҳи онҳо шод гардад; ба арвоҳи гузаштагон дар рўзҳои Наврўз, яъне даромади соли нави хуршедӣ оташ фурўзон кардан, шамъ гирондан ва ҳамчунин дуо кардан; шаби ҷумъа ва ё ҳангоми дар хоби яке аз хешовандон даромадани мурда, хўрок таҳия намуда хатми қуръонро ба ҷо овардан; дар баъзе ҷойҳо дар сари қабри мурда оташ равшан намудан; ба хотири арвоҳи гузаштагон садақа кардан ва ғайра ҳоло низ дар байни тоҷикон ба назар мерасад. Ҳамин расму оинҳо, хўрок пухта ба арвоҳи гузаштагон дуо кардан, ба хотири ёдоварии арвоҳон ба ҳафт хонавода хўрок тақсим кардан, шамъ фурўзон намудан ва монанди ин шояд ба ҳамон оинҳои бостонӣ иртиботе дошта бошад, ки ҳанўз ҳам дар миёни мардум баргузор мешавад.

Ба гуфти Иброҳим Пурдовуд ва дигарон ин оинҳо барои шод гардонидани фраваҳари даргузаштагон баргузор мешудааст. Адади ҳафт, ки аз замони қадим муқаддас будааст, ишорат ба ҳамон ҳафт Амшоспандон ва ё фариштагони маздоясно мебошад. Барои арвоҳи гузаштагон садақа намудан ин хушнуд намудани рўҳи онҳост, то онҳо низ аз даргоҳи худованд хушӣ ва тандурустии ононро бихоҳанд.

Дар гузашта дар байни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, дар шаби аввали Наврўз ва ё шабу рўзҳои баъдӣ дастархони зебое меоростанд, ки он рамзу рози худро дошт. Ҳар он чизеро, ки дар рўи дастархон мениҳоданд, бо мақсади муайн мегузоштанд. Аз пурсишҳои мо маълум гардид, ки густурдани дастархони «ҳафтсин» ва ё «ҳафтшин» на дар ҳама ҷои минтақаи тоҷкнишини Осиёи Марказӣ маъмул будааст. Аммо дар шаҳрҳо ба монанди Бухорову Самарқанд то нимаи аввали садаи бист дида мешудааст. Дар байни тоҷикон дар баъзе минтақҳо ба муносибати дастархони наврўзӣ гузоштани шарбати «ҳафтмева» мавҷуд будааст. Дар ин бора калонсолон низ ҳангоми пурсишҳо ишоратҳо кардаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки бо навъҳои гуногуни хўрокворӣ дастархонро оро додан то ба имрўз роиҷ буда, баъзе аз онҳо махсуси Наврўз будааст. Масалан, сабза-рамзи сарсабзию шукуфоӣ, тухм-рамзи бороварӣ ва идомаи насл, нонҳои гуногун-рамзи серию пурӣ ва ғайра. Ҳанўз ҳам дар зеҳни баъзе аз калонсолон чунин рамзҳо на фақат боқӣ мондааст, балки бархе аз ин корҳо дар амал иҷро мегарданд. Тозаву тамиз кардану оростани хонаҳо, пок кардани ҳавлию чўйборҳо, пўшидани либосҳои нав, аз ҳафт меваи хушк шарбат тайёр кардан, ба арвоҳи гузаштагон дуо кардан ва монади ин ҳамааш аз насле ба насле то замони мо расидааст. Ба гуфти калонсолҳо ҳамаи ин корҳои нек барои он будааст, ки дар соли нав, дар Наврўз худо баракат ато намояд, серию пурӣ шавад.

Яке аз муҳаққиқони араб Касравӣ (гоҳе Ҷоҳиз гуфтаанд) дар китоби худ «Ал-маҳосин в-ал-аздод» дар бораи Наврўзи замони Сосониён чунин гуфтааст: «Марди хушному хушшугун бомдоди рўзи Наврўз ба ҳузури шоҳ бор меёфт ва мизе симин рў ба рўи ў мениҳод. Дар канори миз кулчаҳое гузошта шуда буд, ки аз ҳубуботи (донагиҳои) гуногун монанди: гандум, ҷав, арзан, нахўд, адас, биринҷ, кунҷид ва лўбиёӣ пухта шуда буд ва ҳафт дона аз ҳар як аз анвоъи ин ҳубуботро бардошта дар канори миз мегузоштанд ва дар васати миз ҳафт шохаи дарахтҳоро мениҳоданд, ки аз рўи онҳо ва номи онҳо пешгўӣ мекарданд ва шакли онҳоро ба фоли нек мегирфтанд, аз қабили: бед, зайтун, беҳ (биҳӣ) ва анор, ки ҳар кадом ба андозаи як ду ё се банд қатъ шуда буд ва ҳар шохаеро ба номи яке аз иёлот (вилоят) рўи миз мегузоштанд ва бар ҷоҳои мухталиф менавиштанд: абузуд – абзоид – абзун – барвон – фарохӣ, яъне афзуд, афзуда хоҳад шуд, афзунӣ, сарват, хушбахтӣ ва фаровонӣ. Ва ҳафт ҷоми сафед ва ҳафт дирҳами сафед зарби ҳамон сол ва як динори нав ва як баста испанд мегузоштанд ва ў тамоми инҳоро бар медошт ва барои шоҳ зиндагии абадӣ ва салтанати тўлонӣ ва хушбахтӣ орзу мекард».

Хафт син-9Дар ин навишта ба адади ҳафт таваҷҷуҳ менамоем. Навиштаи Касравӣ яке аз қадимтарин гуфтаҳо аст, ки ба замони Сосониён наздик аст. Ин оинҳои вобаста ба рақами ҳафт, яъне «ҳафт кулча», «ҳафт шохаи дарахт», «ҳафт ҷоми сафед», «ҳафт дирҳами сафед» дар он рўзгорон маъмул будааст. Ҳамчунин дар он дирҳам навишта шудани «афзунӣ, сарват, хушбахтӣ ва фаровонӣ» низ ҷолиб буда, таманно аз худо барои баракоти соли нав аст.

Дар дастархон гузоштани ҳафт чиз, аз замонҳои қадим маъмул будааст. Баъдан, маҳз ҳамин шумораи ҳафт боиси пайдоиши ҳафтмева, ҳафтсин, ҳафтшин, ҳафтмим, ҳафт салом ва монанди ин гардидааст.

Дар ҳар давру замон тоҷикон расму оинҳои худро аз насле ба насле интиқол медоданд ва кўшиш мекарданд, ки бо ин боварҳои асотирии худ ба нерўи бадӣ, яъне аҳриманӣ таъсир расонанд, иблисро дур намоянд, то дар соли нави оянда бо шодмонӣ ва рўзгори пурбаракат зиндагӣ кунанд. Аз ин рў Наврўзро хуш истиқбол мегирифтанд. Барои он ки ин гуфтаҳои мо мантиқӣ бошад, ба гуфтаҳои зерини Абурайҳон Берунӣ, ки ривояти ҷолиберо меорад, такя менамоем, ки шояд яке аз решаҳои пайдоиши «ҳафтсин» бошад. Ривоятро пурра меорем, чунки дар охири он Берунӣ ба ҳафт табақ ишорат намудааст: «Зодуя дар китоби худ гуфтааст, ки сабаб ин аст, ки Офтоб аз ноҳияи ҷанубӣ-шимолӣ тулўъ мекунад. Ва баёни матлаб он аст, ки Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме, ки ҳар андоза хўрданию ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт, бивазад, ки то сабаби рўидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки то дунё нобуд гардад. Пас Ҷам бо амри худованд ва роҳнамоии ў ба қасди манзили Иблису пайравони ў ба сўи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин расвоиро бартараф намуд. Он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рўзе монанди Офтоб толеъ шуд ва нур аз ў метофт. Ва мардум аз тулўи ду Офтоб дар як рўз шигифт намуданд. Ва дар ин рўз ҳар чўбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд. Ва мардум гуфтанд: «Рўзи нав!» Яъне рўзе навин. Ва ҳар шахсе аз роҳи табаррук ба ин рўз дар таште ҷав кошт. Сипас, ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рўзи Наврўз дар канори хона ҳафт хел аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рўидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосил солиёна пегшўӣ кунанд».

Хафт син-4Ин гуфтаҳои Берунӣ тасдиқ бар он ст, ки дар он рўзгорони қадим эътиқод ба ҳафт фаришта, ҳафт чизи муқаддас, ба дастархон гузоштани ҳафт чиз яке аз боварҳои асотирии замони бостон будааст. Хеле ҷолиб аст, ки пажўҳандагони замони қадим, ба хусус Абурайҳон Берунӣ, на фақат ба манобеи китобӣ ишорат намудаанд, балки ба гуфтаҳои мардум низ такя кардаанд. Аз ин бармеояд, ки дар дастархон гузоштани ҳафт чизи муқаддас муҳим будааст. Пас решаи пайдоши «ҳафтсин»-ро низ ба он пайваст додан мантиқӣ аст. Тибқи ишороти муаллифи китоби «Ал-маҳосин в-ал-аздод» он чизҳое, ки дар дастархони наврўзӣ гузошта мешаванд, ҳар кадоме пайвастагии махсус бо иҷрои расму оини дини зардуштӣ дорад. Дар он рўзгорони қадим маросими аслӣ дар субҳи шашум, дар Наврўзи бузург баргузор мешуд. Ба гуфти Иброҳим Пурдовуд, Ҳошим Разӣ, Ҷавод Барўманди Саид, Ҳасан Тақизода ва дигарон охирин гоҳанбор иборат будааст аз панҷ рўзи изофии сол, ки дар охири он шабу рўз баробар гардида, баҳор оғоз мешудааст. Дар ин панҷ рўзи изофӣ Ҳурмузд мардумро офарида будааст ва онро ба хотири фавтидагон ҷашни мурдагон ё фарвардигон низ мегуфтаанд. Вале дар «фарвардиняшт»-и Авесто ин айём даҳ рўз аст. Ҳамин тавр дар рўзи шашуми ин даҳ рўз баҳор ва Наврўзи бузург баргузор шуда, маросими аслии ҷашн низ дар он рўз барпо мегардидааст. Ҷашнҳои баҳорӣ ва растохези табиат, ёдбуди мурдагон ва шахсиятҳои асотирӣ, таҷдиди зиндагии дубораи табиат ва ҷамъият будааст.

Дар «Ал-маҳосин в-ал-аздод» омадааст, ки дар Наврўз ба назди шоҳ мизи сохта аз сим (нуқра) мегузоштанд. Дар канори миз нонҳои гирдаи аз гандум, ҷав, арзан, нахўд, адас, биринҷ, кунҷид ва лўбиё пухташуда ва ҳамчунин ҳафт дона аз ин донагиҳо, ҳафт шохаи дарахтро ҳамчун фоли нек мениҳоданд, ки онҳо ҷанбаи муқаддасӣ доштанд ва аз рўи онҳо ояндаи соли навро пешгўи мекарданд. Ёдоварӣ аз нонҳои гирда, ё кулчаҳо ишорат намудан ба ҳамон нони муқаддас аст, ки дар Авесто ва навиштаҳои паҳлавӣ омадааст. Пухтани нони гирда ва кулча дар рўзҳои Наврўз, на фақат дар байни зардуштиёни ҷаҳон, балки дар айни тоҷикон низ то ба имрўз боқӣ мондааст. Хушбахтона, дар миёни мардуми тоҷик навъҳои гуногуни нони гирда ва кулчаҳое мавҷуд аст, ҳангоми баргузории маросимҳо, ҷашнҳо занҳо бо муҳаббат мепазанд. Ҳатто чунин одате аст, ки агар писари касе ба сафари дурудароз равад, як лаби нонро ба ў мегазонанд ва то аз сафар баргаштани ў он нонро дар ҷое нигоҳ медоранд ва ё ба як гўшаи девори хона меовезанд. Ҳамаи ин оинҳо яке ба дигаре пайванд аст, ки барои боз ҳам дақиқтар донистани онҳо бояд ба нишонаҳои аз қадим боқӣ мондаи расму оини мардумӣ таваҷҷуҳи бештар намуд.

Хафт син-0Яке аз он густурдани дастархони наврўзӣ ва ба таври куллӣ ба дастархон гузоштани хўрданиҳои мутанаввеъ дар тақсимчаҳо, лаълиҳо, косаҳо, нимкосаҳо ва монанди ин аст. Тақрибан 30-40 сол пеш, ҳангоми дар маъракаҳо густурдани дастархон, дар баъзе минтақаҳо аз калонсолон, мешунидем, ки дар ҳафт табақ мева оред, дар ҳафт лаълӣ чизҳоро гузоред ва амсоли ин. Табиӣ аст, ки  бо гузашти беш аз ду ҳазор сол суннатҳои пешин низ то ҳадде шакли худро дигар мекунанд. Вале ҳамоно ишорат ба ҳафт то ба имрўз боқӣ мондааст, ки калиди аслии баъзе аз баҳсҳо низ дар ҳамин ҳафт аст.

Дар даврони Сосониён, ки оини зардуштӣ маъмул буд, ба ҳафт лаълӣ (табақи махсуси чинӣ) мева ё хўрок овардан рамзи рози худро дошт. Имрўзҳо табақ ё лаълиро дар Эрон «синӣ» (чинӣ) мегўянд. Яъне баъзе аз навъҳои хўрокро дар ҳафт синӣ (лаълии чинӣ) мегузоштанд. Чаро ҳафт синӣ?

Дар манобеи китобӣ дар бораи таърихи пайдошиши «ҳафтсин», «ҳафтшин» ва «ҳафтмим» шарҳи дақиқе мавҷуд нест. Аммо баъзе аз пажўҳандагон дар асоси гуфтаҳои мардум бар ин ақида ҳастанд, ки адади ҳафт яке аз ададҳое мебошад, ки мардум бар он эҳтиром доранд. Дар замонҳои қадим, пеш аз ислом, ниёгони мо ба адади ҳафт таваҷҷуҳи махсус доштанд. Аз ин рў, тахмин мекунанд, ки «ҳафтсин»-ро ба хотири ҳафт Амшоспандон интихоб намудаанд. Эҳтимол мекунанд, ки «ҳафтсин» шакли дигаршудае аз мероси ниёкон бошад.

Дар замони  қадим, дар рўзҳои даромади Наврўз, яъне дар фарвардинмоҳ барои пазироии фраваҳари (рўҳи) фавтитагон дар болои бом ва ё хонаи мурда дар ҳафт табақ хўрок мегузоштанд. Ин одат, ки мардум бар он эътиқод доштанд дар шаклҳои гуногун аз замонҳои пешин то рўзгори мо расидааст. Решаи пайдоиши «ҳафтсин»-ро ва ҳафтҳои дигарро низ дар пайвандии ҳамин боварҳо мавриди омўзиш ва пажўҳиш қарор додан шояд мантиқӣ бошад. Агар бо диққат мавриди омўзиш қарор бидиҳем густурдани дастархони наврўзӣ бо истифода аз «ҳафтсин», «ҳафтшин», «ҳафтмим» дар ҳамаи минтақаҳо, кишварҳо ва қавмҳои эронтитабор якранг нест. Дар ҳамаи кишварҳои ҳавзаи Наврўз дастархони «ҳафтсин» дар шаклҳои гуногун аст. Дар баъзе аз минтақаҳои бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Эрон, «ҳафтсин» (ё «ҳафтшин») мавҷуд аст, вале дар баъзе минтақаҳо комилан мавҷуд нест. Агар «ҳафтсин» дар тамоми Эрон ва кишварҳои дигари эронитабор мавҷуд мебуд, ҳалли масъала хеле осон буд. Ҳатто дар байни курдҳо низ «ҳафтсин», ки бо ҳарфи «син» шурўъ мешуда бошад тақрибан нест. Агар бошад ҳам пасонтар пайдо шудааст.

Дар ин бора назари пажўҳандаи эронӣ Баҳром Фараҳвашӣ, ки бар асоси далелҳои илмӣ сухан гуфтааст, ҷолиб аст. Ў ишорат бар он кардааст, ки дар асл «ҳафтсин», «ҳафт синӣ» будааст. Яъне «синӣ» аз вожаи «чинӣ» гирифта шудааст.

Хафт син-2«Дар рўзгори Сосониён қобҳои зебои мунаққаш ва гаронбаҳое аз ҷинси коулин (хокае барои сохтани зарфҳои чиниворӣ-Р.Р.) аз Чин ба Эрон оварда мешуд ва яке аз колоҳои арзишманди бозаргони Чин ва Эрон ҳамин зарфҳое буд, ки баъдҳо ба номи кишваре, ки аз он омада буд номгузорӣ шуд ва ба номи «чинӣ» ва ба гўиши дигар ба сурати «синӣ» ва муарраби «тсинӣ» ба Эрон ривоҷ ёфт.

Чинӣ ё синӣ яъне мансуб ба «чин» ё «син» ва номи «син» ё «чин» аз вожаи «tsin» омадааст, ки дар асл номи силсилаи подшоҳи Чин аст ва ҳарфи «ts» метавонад дар гўишҳо ва забонҳои мухталиф ҳам «s=с» ва ҳам «č=ч» бидиҳад чунонки худи номи Чин дар паҳлавӣ «čen» ва дар форсӣ «čin» дар санскрит «čina» ва дар арманӣ «čenk» омада, ки ду сурат «sin» ва «chine»-ро дар забонҳои аврупоӣ медиҳад.

Дар Эрон барои тамоизи байни тарафҳои мухталифе, ки аз Чин оварда мешуд, он ки аз филуз сохта мешуд ба номи синӣ ва он ки аз коулин сохта мешуд ба номи чинӣ ривоҷ ёфт.

Боре дар оинҳои наврўзӣ барои чидани хони наврўзӣ аз ҳамин зарфҳои бисёр нафис, ки аз Чин оварда шуда буд ва навъи мурғии он ҳанўз баҳои зиёд дорад, баҳра мегирифтанд ва ин зарфҳоро пур аз нуқлу қанду шакару ширинӣ мекарданд ва онҳоро ба адади ҳафт Амшоспанд, ки иборат аз Урдубиҳишт, Хурдод, Амрдод, Шаҳривар, Баҳман, Сипандормаз ва худи Аҳурамаздо, бар сари хонҳои наврўзӣ мегузоштанд ва аз ин рў хони наврўзӣ ба номи ҳафт синӣ ва ё ҳафт қоб (табақ) ном гирифт ва баъдҳо бо ҳазфи «ё»-и нисбат ба сурати «син» даромад ва ҳанўз дар бархе аз рустоҳо ба сурати «ҳафтсинӣ» талаффуз мешавад.

Маъмулан ба номи ҳар як аз Амшоспандон як қоби (табақи) бузурги «синӣ» ниҳода мешуд ва дар қобҳои дигар чизҳои дигар мениҳоданд ва онҳоро дар пиромуни хон мегузоштанд».

Бале, дар манобеъ омадааст, ки воқеан дар замони Сосониён табақҳо ва ё лаълиҳои мақбулро аз кишвари Чин меовардаанд. Аз ин хотир онро «чинӣ» мегуфтанд, ки «чинӣ» ва ё «чиниворӣ» гуфтан дар байни тоҷикон низ роиҷ аст. Баъдан дар ҳафт лаълии «чинӣ» анвои хўрданиҳоро дар дастархон мегузоштанд. Барои ороиши дастархони наврўзӣ аз ҳамин зарфҳои бисёр нафис, ки аз Чин оварда мешуд баҳра мегирифтанд. Воқеан, ҳоло ҳам як навъе аз ин зарфҳои зебо, ки дар шакли мурғ таҳия шудааст дар Эрон арзиши баланд доранд. Ба мантиқ наздик аст, ки дастрахони наврўзӣ, ки дар ҳафт лаълӣ (табақ) чизҳое мегузоштанд, баъдҳо номи «ҳафт синӣ» (ҳафт чинӣ)-ро гирифт ва баъдҳо ба сурати «ҳафтсин» даромад. Пажўҳандагон ишорат кардаанд, ки «синӣ», аз «чинӣ» аст. Баъзеҳо гуфтаанд, ки шояд «чинӣ» аз феъли «чидан», яъне дар лаълӣ ё дастархон чидани чизҳои гуногун гирифта шуда бошад. Дар забони  тоҷикӣ ва лаҷаҳои он ин вожа дар шаклҳои чидан, бичин, чин, мечинӣ, бичинӣ, бичӣ мавҷуд аст. Аммо ҳақиқат ба ҳамон вожаи муқаддаси «ҳафт» нуҳуфта аст.

Дар байни мардуми Эрон дар барои ҳар кадоме аз номҳои «ҳафтсин» рамзу розе мавҷуд аст, ки бархе аз онро пажўҳандагон шарҳ додаанд. Аз ҷумла донишманди фарҳанги Эрони бостон Жола Омўзгор дар яке аз навиштаҳояш чунин ишорате дорад:

Хафт син-8«Мо дар қадим ба унвони шугун (фоли нек) ҳафт «синӣ» (лаълӣ) аз донаҳое, ки баракат ба суфраҳо (дастархонҳо) меоварад, мерўёнидем ва бар хони (дастархони) наврўзӣ мениҳодем.  Ба эҳтимоле «ҳафтсин» метавонад бозмондаи ҳамин «ҳафтсинӣ» (ҳафт лаълӣ) бошад ва ё намоде (рамзе) аз «сабза» ва «сарсабзӣ». Агар дар дарозои замон ҳафт «синӣ» (лаълӣ) бо ҳафт мева ё гул ё сабзӣ, ки бо «син» оғоз мешаванд ва ҳар як нишонае аз боварӣ ва тандурустӣ ҳастанд талфиқ (фароҳам) шудааст, дар он бояд ҷои пои завқи латифи эрониро ҷустуҷў кард. Он чизҳое, ки имрўз – афзун бар он чӣ то ба ҳол гуфтем – хони (дастрахони) моро зинат мебахшад ва ҳама аҳли хонаро ба ҷаҳоне аз шодӣ ва сарсабзӣ фаро мехонанд чист?  «Сабза»-и навдамида аст ва «сунбул»-и хушбар ва хушбў; «себ», ки меваи биҳиштӣ ном гирифта аст ва намод аз зоиши аст; «саману» (суманак) ин моидаи (неъмати) таҳияшуда аз ҷавонаи гандум, ки бахше аз оинҳои бостонии пешгуфтаро ёдоварӣ мекунад; «санҷид», ки бўи барг ва шукуфа ва дарахти он муҳаррики ишқ ва дилбохтагӣ аст; «сир», ки аз дерзамон ба унвони доруӣ барои тандурустӣ шинохта шудааст; донаҳои «сипанд=исфанд», ки номаш ба маънии муқаддас аст ва донаҳои ба ришта кашидаи он зинатбахши хонаҳои рустоӣ ва дафъи чашм аст.

Мо дар ин хон (дастархон) оина мегузорем, ки нуру рўшноӣ метобонад; шамъ меафрўзем, ки рўшноӣ ва тобиши оташро ба ёд меоварад; тухми мурғ, ки тамсиле аз нутфа ва боварӣ аст. Косаи оби зулол ба нишонаи ҳамаи обҳои хуби ҷаҳон ва моҳии зинда дар об ба нишонаи тозагӣ ва шодобӣ; нуқл ва ширинӣ ва дигар чизҳое, ки бино ба расми хоси ҳар шаҳру русто ва хонаводае бар ин хон афзуда мешавад. Дар бисёре аз хонаҳо гузоштани намунае аз ғаллот ва ҳабубот (ғалладона) ҳамчунин шир ва фаровардаи ширӣ ба нишонаи тазмини баракати хона мутадовил аст.

Дар бархе хонаводаҳо ва ба вижа дар миёни ҳаммейҳанони зардуштӣ, ҳафт шин низ маъмул аст, ки бояд ношӣ аз шабеҳсозӣ «син» бо «шин» бошад. Ва ҳамчунин шояд ба ин далел, ки шаҳду шакар аз дер боз аз бунёдитарин моидаҳои (неъматҳои) ин хон будаанд».

Деҳхудо бо истифода аз гуфтаи Берунӣ овардааст: «Машҳуртарин оростани Наврўз ҳафтсин аст ва он гирд овардани ҳафт чиз аст, ки номи онҳо бо ҳарфи «син» оғоз гардад. Маъмулан байни ашёи зайл: себ, сиёҳдона, санҷид, сумоқ, сир, сирка, сабза (донаи гандум ва амсоли он, ки қаблан дар бешқобе кошта ва сабз кардаанд), сабзӣ, саману, ҳафт чизро интихоб мекунанд суннати мазбур бисёр куҳан ба назар мерасад. Дар Гелон хоначаи ҳафтсин дар ҷашни арўсӣ низ марсум аст. Ҳафт қисм сабза буда, ки бар ҳафт устувона дар канори хона ба наврўз сабз мекарданд. Ва аз ин рў маълум мешавад, ки ҳафтсин, ҳафтсабзӣ, ё ҳафт сабза аст».

Дастархони наврўзии тоҷикон дар ҳар минтақа хеле зебо ва рангоранг оро дода мешавад. Дар баъзе ҷойҳо дар канори нозу неъматҳои фаровон ҳафтмева, ҳафт тухми мурғи рангшуда, суманак мегузоранд. Аммо гузоштани «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» то чанде пеш дар кишвари мо ривоҷ надошт. Фақат дар баъзе гузарҳои шаҳрҳои бузург ба монанди Бухорову Самарқанд мавҷуд буд. Мутассифона, мардумшиносон дар ин бора маводи зарурӣ гирд наовардаанд.

Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон мардум тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи «ҳафтсин», «ҳафтшин» ва «ҳафтмим» иттилоъ пайдо намуданд ва баъзеҳо кўшиш мекарданд то ин амалро иҷро намоянд. Мутассифона, ороиши дастархони «ҳафтсин» ва «ҳафтҳо»-и дигар то имрўз дар хонаводаҳои тоҷикон хеле кам ба назар мерасад. Умедоврем, ки дар оянда ривоҷ пайдо мекунад. Хушбахтона, пас аз Истиқлоли Тоҷикистон дар рўзҳои баргузории ҷашни Наврўз, ҳангоми дар намоишгоҳҳо нишон дадани зебогии дастархони минтақаҳои Тоҷикистон, дар тамоми ноҳияҳо, аз ороиши «ҳафтсин», «ҳафтшин», «ҳафтмим», ахиран аз «ҳафтмева» ва «ҳафт салом» истифода мебаранд.

Фаромўш набояд кард, ки бо шурўи ҳарфҳои тоҷикии имрўз «с», «ш», «м» шурўъ шудани он ҳафт чизе, ки имрўзҳо дар дастархони наврўзӣ мегузоранд, ҳафт чизи дақиқ нест. Онро мардум мвофиқи салиқаи худ, ҳангоми густурдани дастархони наврўзӣ, дигар менамоянд. Барои он ки масъала равашнтар шавад, номи он чизҳоеро, ки дар дастархони наврўзии «ҳафтсин», «ҳафтшин» ва «ҳафтмим» мегузоранд меорем. Теъдоди ҳамаи инҳо аз ҳафт бештар аст, ҳатто миқдори он чизҳое, ки марбути «ҳафтсин» аст, 10-12 ва гоҳе аз он ҳам бештар аст, вале мардум боз тибқи ҳамон муқаддас будани адади «ҳафт», ҳафтои онро ба дастархон мегузоранд. Барои дастархони «ҳафтсин» аз сабза, себ, санҷид, суманак, сирко, сумоқ (гиёҳ), сир, сипанд, сунбул, суҳони асал, сангак (нони сангак), сиёҳдона, сикка; барои «ҳафтшин» аз шамъ, шир, шакар, шароб, шарбат, шамшод (гиёҳи хушбў), шибит, ширбиринҷ, шоя (мева), шаҳд, шакароб, шўрбо, шона; барои «ҳафтмим» аз мева (масалан, мағзҳои гуногун), мурғ, моҳӣ, мураббо, масқатӣ (навъи ширинӣ), майгу, мост, май, мавиз ва ғайра интихоб менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки мувофиқи завқу салиқа, гоҳе ба ивази яке аз ин хўрданиҳо баъзеҳо чизҳои дигаре бо шурўи ҳамон ҳарф мегузоранд. Дар намоишгоҳҳои наврўзҳои солҳои пешин мушоҳида кардем, ки гоҳе баъзеҳо дар дастархон «ҳаштсе» (на «ҳаштсин»), «ҳаштше» (на «ҳаштшин») гузошта буданд.

Тавре ки дар охири асри бист, ба мо Матлабхола Раҷабова, Орифбобо, Саломатой Раҷабова, Раҳим Шариф, Қаҳҳор Раҳмон, Шамъигул Умарова ва дигарон гуфтанд, дар баъзе минтақаҳо дар байни тоҷикон «ҳафтсалом» низ ривоҷ доштааст. Дар ин бора устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» чунин ишорат намудааст: «Аммо рўҳониён ба ин ид (наврўз-Р.Р.) ранги динӣ дода, «ҳафт салом» тар карда, хўрданро расм карда, ўро як манбаи даромади худ қарор доданд. Ҳатто беҳаётарин муллоён «дар бораи шарафи ин ид» аз номи пайғамбар ҳадисҳо сохта бофта бароварданд».

Дар тавзеҳоти «Ёддоштҳо» низ чунин ишорате ба назар мерасад: «Ҳафт салом – порчаи коғаз, ки дар он аз номи худо ва пайғамбарон бо заъфар салом менавиштанд ва дар беморӣ, инчунин иди Наврўз ба об тар карда, обашро менўшониданд». Чунин расм дар минтақаҳои дигар низ дида мешуд, ки то ба ҳол ба мушоҳида мерасад.

Ороиши дастархони тоҷикон аз қадим ҷаззоб буд, дар он нозу неъмати зиёд мегузоранд. Меваҳои тару хушкро ба лаълиҳо, табақҳо, тақисмчаҳо гузоштан аз замонҳои пеш одат шудааст, ки ин дар тамоми минтақа то ба имрўз мавҷуд аст. Тахминан 50-60 сол пеш, дар баъзе маъракаҳо ва маросимҳо, ба дастарахон ниҳодани ҳафт чиз мавҷуд будааст. Маҳз ҳамин ҳафт пайвастӣ дорад бо ҳамон ҳафт амшоспандони бостонӣ, ки бо мурури замон шаклан тағйир ёфтааст.

Ҳангоми дини дигарро пазируфтан, дар байни мардум чунин ҳолатҳое дида мешавад, ки онҳо оинҳои пешини худро идома медиҳанд. Худро аз боварҳои пешин зуд канда наметавонанд. Масалан, дар байни мардуми тоҷик то ба имрўз боварҳо, шугунҳо (фоли нек, ирим) ва ё ба истилоҳи баъзеҳо хурофоте мавҷуд аст, ки бахше аз он реша бар фарҳанги пеш аз исломӣ дошта, то замони мо расидааст.

Ҳоло низ дар байни занҳои тоҷик маросимҳои «Бибисешанбе» ва «Бибимушкилкушо» баргузор мешавад. Дар Афғонистон «Назри мушкилкушо» ва дар Эрон «Оҷили мушкилкушо» аз тарафи занҳо баргузор мегардад. Дар ин маросимҳо амалҳо ва боварҳое низ мавҷуданд, ки  ба   оинҳои бостонии тоҷикон тааллуқ дорад. Масалан, дар суфраи (дастархони) маросими «Бибимушкилкушо» гузоштани ҳафт пилтаи аз пахта бофтаро бо ҳафт риштаи ҳафтранг печонида гузошта, онро оташ гирондан; шохи дарахти мевадорро ниҳодан; дар болои орд гузоштани ҳафт пилтаи (нукчаи) фурўзон ё ба ҷои нукча гузоштани ҳафт шамъ; дар ҳафт табақча, ё тақсимча гузоштани мева, ё хўрокворӣ; дар маросим иштирок кардани ҳафт зан (албата, ҳоло тағйир ёфтааст) ва монади ин. Чунин оинҳои бостонӣ то ба имрўз ба назар мерасад.

Ҳамин тавр ба ҳақиқат наздик аст, ки шояд эҳтиром ба «ҳафт амшоспандон» бо гузашти замон ба «ҳафт синӣ» («ҳафт чинӣ») ва баъдан дар баъзе ҷойҳо ба «ҳафтсин» ва дар баъзе ҷойҳо ба «ҳафтшин» табдил шуда бошад. Мувофиқи завқу салиқаи худ, мардум ҷорӣ намудани «ҳафтмим», шарбати «ҳафт мева» ва «ҳафт салом»-ро низ дар Наврўз, ки аз қадимитарин, бузургтарин, дўстдоштатаринии ҷашнҳои тоҷикон ҳаст, муносиб донистаанд.

Омода намудани шарбати «ҳафтмева» дар гузаштаҳои на чандон дур дар гўшаву канори Тоҷикони Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт. Ин оини ниёгони мост дар рўзҳои Наврўз. Хушбахтона ин оин дар байни тоҷикони Афғонистон то имрўз хеле маъмул буда, дар рўзҳои наврўз барои меҳмон ҳатман шарбати «ҳафтмева» тақдим менамоянд.

Фаромўш набояд кард, ки ҳеч кадоме аз расму оинҳои мардумӣ дар тўли таърих саддарсад, айнан аз насле ба насле намегузаранд. Бо таъсири муҳити зист, ҳодисаҳои табию таърихӣ, бо доду гирифти қавму миллатҳои гуногун то ҳадде дигар мешаванд; як қавм аз қавми дигар тибқи оинҳои худ, чизи хубро мепазирад, ба он такя мекунад. Ба мисли он ки имрўз Наврўзро бо ҳамин ном чандин қавму миллтаҳои гуногуни олам аз мардуми ориёӣ пазируфта, ҳамчун расму оини худ ҷашн мегиранд ва дастархони худро такя бар ҳамон ҲАФТ АМШОСПАНДОН, ҲАФТ СИНӣ, ҲАФТСИН, ҲАФТШИН, ҲАФТМИМ, ҲАФТСАЛОМ, ҲАФТМЕВА оро медиҳанд.

Наврўзатон муборак!

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ

Март 24, 2017 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода