Дар Душанбе усули нав-парвариши гулҳои ороишӣ дар гулдонҳои махсус ба роҳ монда шуд

Апрель 26, 2017 16:15

ДУШАНБЕ, 26.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли равон доир гардида буд, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ва сабзазоркунии шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Дар ин замина бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар пойтахт садҳо бех ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе дар мавсими имсолаи сабзазоркунӣ дар баробари шинонидани дарахтони ороишию сояафкан барои боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт ба парвариши гулҳои гуногунранги мавсимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Масъулон дар ин самт тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намуданд. Парвариши гулҳои ороишии мавсимӣ дар зарфҳои махсус бо тарҳи зебо аз ҷумлаи онҳост. Ин усул аз як тараф ба гуногунии биологӣ замина гузорад, аз ҷиҳати дигар барои зебу зиннат бахшидани саҳни бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт мусоидат менамояд.
Дар саҳни Муассисаи давлатии«Наврӯзгоҳ» усули нав- парвариши гулҳои ороишии мавсимӣ дар гулдонҳои махсус ба роҳ монда шудааст, ки бо шукуфоиву рангорангӣ бинандаро ба ваҷд меорад.
DSC_0084+Сариқтисодчии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Бозоралӣ Атоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки дар саҳни муассисаи мазкур ва роҳравҳои он зиёда аз 800 адад зарфҳои махсус гузошта шудаанд, ки дар онҳо гулҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта истодаанд. Ин гулҳо бо тарзи махсуси агротехникӣ шинонида шуда, аз ҷониби мутахассисон нигоҳубин мешаванд. Тибқи тавсияи олимони соҳа дар ҳамаи фаслҳои сол бо иваз намудани гулҳои хоси мавсими дигар ва нигоҳубини махсус онҳо метавонанд бо таровати худ зебогии ин мавзеъро дар давоми сол нигоҳ доранд.
«Ҳамчунин дар мавсими сабзазоркунии имсола дар «Боғи Наврӯзгоҳ» зиёда аз 1400 бех дарахтони ороишӣ, ки бо дастури Пешвои миллат аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд, шинонида шуданд, ки айни замон хуб нашъу намо доранд»,- афзуд Б.Атоев.
Хотиррасон менамоем, ки «Боғи Наврӯзгоҳ» моҳи майи соли 2014 ба истифода дода шуда, дар тавозуни Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» қарор дорад. Масоҳати умумии боғи мазкур 14, 1 гектар, масоҳати сабзазори он 6,2 гектар ва майдонҳои гулзори он 2100 м2-ро ташкил медиҳанд. Майдончаҳои кӯдакона бо аттраксионҳо, роҳраваки лабиринт, шаршара бо баландии 22 метр ва дигар марказҳои фароғатии ин боғ ба макони писандидаи сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.
Тибқи маълумоти масъулон, соли 2016 409 ҳазору 481 нафар сокинон ва меҳмонони пойтахт аз тамошои «Боғи Наврӯзгоҳ» баҳра бурдаанд.

Рухсораи НУР

DSC_0046+

Апрель 26, 2017 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир ҷалб менамояд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертии ботантана баргузор гардид
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид