Хизматрасонии ройгон ба мусофирон боиси хушҳолии душанбегиҳо гардид

Апрель 10, 2017 17:58

ДУШАНБЕ, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе танзими ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ аз масъалаҳои ҳаётан муҳими соҳаи хоҷагидорӣ маҳсуб мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт иқдоми наҷиб-хизматрасонии ройгон ба мусофирон идома меёбад.
Хотиррасон менамоем, ки масъулон ба ин амал 20 марти соли равон иқдом намуда, дар ҳамаи хатсайрҳо ҳар рӯз аз шумораи умумии нақлиёти мусофиркашон (нақлиёти мусофиркашонии тамғаи «Меrsedes Sprinter», автобус ва троллейбус) бонавбат як нақлиёти мусофирбар ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ба таври ройгон хизмат мерасонад.
Тавре Хуршед Кабиров, сардори шуъбаи нақлиёт ва нигоҳдории роҳҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ин иқдоми наҷиб аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори он роҳандозӣ гардида, боиси хушҳолии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст.
«Дар арафаи ҷашни Рӯзи пойтахт низ хизматрасонии ройгон ба сокинон ва меҳмонони пойтахтро идома медиҳем. Ронандагони нақлиёти мусофиркаш низ аз он ки ба ин амали хайру савоб даст задаанд, изҳори хушҳолӣ доранд. Кӯшиш дорем, ки сифати хизматрасониро ба мусофирон беҳтар намуда, қаноатмандии онҳоро аз кори хуби нақлиёти мусофиркаш ба даст орем. Дар ин ҷода роҳандозии як қатор тадбирҳоро, ки барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёти мусофиркаш дар шаҳри Душанбе нигаронида шудааст, дар нақша дорем»,- афзуд Х.Кабиров.
«Ин иқдом дар ҳақиқат иқдоми наҷиб аст ва аз он дастгирӣ бояд кард»,- гуфт Ситора Муродова, сокини маҳаллаи 103- юми пойтахт ва афзуд, ки гап сари 1 ё 2 сомонии роҳкиро намеравад. Муҳим он аст, ки ба ин васила амалҳои хайру савоб, ки ба мардуми мо аз қадим хосанд, тарғиб мегарданд.

Апрель 10, 2017 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир ҷалб менамояд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертии ботантана баргузор гардид
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид