Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт шоу-барнома ва ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» доир мегарданд

Май 19, 2017 16:26

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  23 майи соли равон,  соати  19:00  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар доираи нақшаи чорабиниҳои Соли ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт шоу-барномаи фарҳангию фароғатӣ  баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, дар пойтахт   мувофиқи нақшаи чорабиниҳои  тасдиқгардида,  ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  23 майи соли равон, соати   08-00  аз Муассисаи давлатии   «Боғи Парчами  миллӣ»  бо баргузории ҳамоиши ҷавонон оғоз мегардад.

Дар  майдони муассисаи мазкур  ҳамоиши ҷавонон   таҳти унвони «Мо насли истиқлолем!» доир мегардад, ки дар он   6 ҳазор  нафар ҷавонони пойтахт  иштирок  намуда,  3 ҳазор нафари онҳо тавассути хиёбони Исмоили Сомонӣ ва 3 ҳазор нафари дигар аз самти кӯчаи Ш.Шоҳтемур ворид  гардида, дар майдони   «Боғи Парчами  миллӣ»  ба ҳам мепайванданд.

Дар қисмати фароғатии барнома  ҳунармандони  маъруфи ҷумҳурӣ  бо   иҷрои суруду таронаҳои   ватандӯстона   ба рӯҳияи идонаи ҳамоиш шукӯҳи тоза мебахшанд.

 

 

 

 

Май 19, 2017 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир ҷалб менамояд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертии ботантана баргузор гардид
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид