Интерпол хабарро дар бораи аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ гирифта шудани номи Гулмурод Ҳалимов рад намуд

Июль 18, 2017 14:35

ДУШАНБЕ, 18.07.2017./АМИТ “Ховар”/.  Интерпол хабарро   дар бораи он ки гӯё номи Гулмурод Ҳалимов аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ гирифта шудааст,  рад кард ва гуфт, ин фармондеҳи ДОИШ дар рӯйхати онҳоест, ки бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид кофтуков мешаванд. Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” бо истинод ба “РИА Новости” иттилоъ дод.

“Хабари якҷояи огоҳкунандаи Интерпол – Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз дар сомонаи Интерпол мавҷуд аст”,- хабар додааст 17 июл  “РИА Новости” бо истинод ба намояндаи Политсияи байналмилалӣ. Ин намоянда гуфтааст, ки хабар дар бораи гӯё аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ гирифта шудани исми фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов асос надорад.

Ин намояндаи Интерпол гуфтааст, ки баракс номи Гулмурод Ҳалимовро дар рӯйхати онҳое даровардаанд, ки бар асоси қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ таҳти таъқиби вижа қарор дода мешаванд.

Интерпол Кабири-2Хотиррасон менамоем, ки 16 июл дар сомонаи интернетии Радиои «Озодӣ” матни гузорише дарҷ гардид, ки дар он дар бораи гӯё аз феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯи сомонаи “Интерпол” ҳазф шудани номи Гулмурод Ҳалимов хабар дода мешуд.

Чуноне зикр гардид, дар сомонаи политсияи байналмилалӣ эълони вижаи Интерпол ва СММ ҳанӯз барҷост ва дар он, аз ҷумла, омадааст:    «Гулмурод Ҳалимов рӯзи 29 феврали соли 2016 бар асоси бандҳои 2 ва 4-уми қатъномаи 2161(соли 2014) дар робита ба «Ал-Қоида” барои «ширкат дар таъмини молӣ, нақшакашӣ, мусоидат, омодагӣ ва анҷоми амалҳо ва ё фаъолиятҳо ҳамроҳи ё аз номи вай ба ҳимоят аз «Давлати исломии Ироқу Шом” ба рӯйхат шомил карда шудааст”.

Тавре қаблан АМИТ “Ховар” иттилоъ дода буд, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба собиқ командири дастаи таъйиноти махсуси ВКД Тоҷикистон Г. Ҳалимов аз рӯи чанд моддаи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла  “хиёнат ба давлат”, “иштирок дар гурӯҳи ҷиноятӣ”, “иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар хориҷи мамлакат” ва ғайра делои ҷиноятӣ кушодааст ва аз соли 2015  аз ҷониби полтитсияи байналмилалӣ ковкуков ва таъқиб мешавад.

Ҳамин тариқ, Гулмурод Ҳалимов, мисли Муҳиддин Кабири, ҳанӯз дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доранд.

Маълумоти АМИТ “Ховар”:

Интерпол(Interpol) – номи кӯтоҳкардашудаи (аз с. 1965) Созмони байналмиллалии политсия мебошад. Вазифаи асосии ин созмон муттаҳид сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишварҳои аъзо дар мубориза бо ҷинояткорист. Қароргоҳи Интерпол дар шаҳри Лиони Франсия ҷойгир аст.

Феълан 190 мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Интепол мебошанд. Аз ҷиҳати теъдоди кишварҳои аъзо Интерпол баъди Созмони Милали Муттаҳид дар ҷои дуюм меистад.

 

 

Июль 18, 2017 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд