Интерпол хабарро дар бораи аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ гирифта шудани номи Гулмурод Ҳалимов рад намуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2017./АМИТ “Ховар”/. Интерпол хабарро дар бораи он ки гӯё номи Гулмурод Ҳалимов аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ гирифта шудааст, рад кард ва гуфт, ин фармондеҳи ДОИШ дар рӯйхати онҳоест, ки бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид кофтуков мешаванд. Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” бо истинод ба “РИА Новости” иттилоъ дод.
“Хабари якҷояи огоҳкунандаи Интерпол – Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз дар сомонаи Интерпол мавҷуд аст”,- хабар додааст 17 июл “РИА Новости” бо истинод ба намояндаи Политсияи байналмилалӣ. Ин намоянда гуфтааст, ки хабар дар бораи гӯё аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ гирифта шудани исми фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов асос надорад.
Ин намояндаи Интерпол гуфтааст, ки баракс номи Гулмурод Ҳалимовро дар рӯйхати онҳое даровардаанд, ки бар асоси қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ таҳти таъқиби вижа қарор дода мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки 16 июл дар сомонаи интернетии Радиои «Озодӣ” матни гузорише дарҷ гардид, ки дар он дар бораи гӯё аз феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯи сомонаи “Интерпол” ҳазф шудани номи Гулмурод Ҳалимов хабар дода мешуд.
Чуноне зикр гардид, дар сомонаи политсияи байналмилалӣ эълони вижаи Интерпол ва СММ ҳанӯз барҷост ва дар он, аз ҷумла, омадааст: «Гулмурод Ҳалимов рӯзи 29 феврали соли 2016 бар асоси бандҳои 2 ва 4-уми қатъномаи 2161(соли 2014) дар робита ба «Ал-Қоида” барои «ширкат дар таъмини молӣ, нақшакашӣ, мусоидат, омодагӣ ва анҷоми амалҳо ва ё фаъолиятҳо ҳамроҳи ё аз номи вай ба ҳимоят аз «Давлати исломии Ироқу Шом” ба рӯйхат шомил карда шудааст”.
Тавре қаблан АМИТ “Ховар” иттилоъ дода буд, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба собиқ командири дастаи таъйиноти махсуси ВКД Тоҷикистон Г. Ҳалимов аз рӯи чанд моддаи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “хиёнат ба давлат”, “иштирок дар гурӯҳи ҷиноятӣ”, “иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар хориҷи мамлакат” ва ғайра делои ҷиноятӣ кушодааст ва аз соли 2015 аз ҷониби полтитсияи байналмилалӣ ковкуков ва таъқиб мешавад.
Ҳамин тариқ, Гулмурод Ҳалимов, мисли Муҳиддин Кабири, ҳанӯз дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доранд.
Маълумоти АМИТ “Ховар”:
Интерпол(Interpol) – номи кӯтоҳкардашудаи (аз с. 1965) Созмони байналмиллалии политсия мебошад. Вазифаи асосии ин созмон муттаҳид сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишварҳои аъзо дар мубориза бо ҷинояткорист. Қароргоҳи Интерпол дар шаҳри Лиони Франсия ҷойгир аст.
Феълан 190 мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Интепол мебошанд. Аз ҷиҳати теъдоди кишварҳои аъзо Интерпол баъди Созмони Милали Муттаҳид дар ҷои дуюм меистад.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






