ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ҶАМЪБАСТ ШУД: шаҳри Душанбе-намунаи ибрат

Декабрь 13, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар бинои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои талаботи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии  соли 2017 баргузор гардид.

Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ — муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки дар натиҷаи ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ дар байни ҷавонони кишвар даъвати тирамоҳии соли равон  пеш аз муҳлат  таъмин гардид.

Дар ин радиф фаъолияти комиссияи даъватӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Душанберо махсус қайд кардан ҷоиз аст. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавонист даъватҳои баҳорию тирамоҳиро дар муҳлати як моҳ бомуваффақият анҷом диҳад, ки ин шоистаи ибрат мебошад.

Мутобиқи маълумоти ҷамъбастии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Носири Хисрав, Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ва ноҳияҳои Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд муяссар гардид, ки нақшаи даъватро дар даҳрӯзаи аввал иҷро намоянд. Ба масъулини шаҳру ноҳияҳои мазкур изҳори сипос баён карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки мушкилоти мавҷудаи даъвати ҷавонон барои адои хизмати Модар-Ватан тамоюли камшавӣ дошта, аз рӯи мушоҳидаҳо ҳолатҳои ба таври иҳотагирӣ ҷалб кардани ҷавонон низ коҳиш ёфтааст ва  баъзе ҳолатҳои рухдиҳанда ба саркашии ҷавонон аз адои қарзи фарзандиашон иртибот дорад.

Муовини Сарвазири мамлакат вазъи даъват ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои калони кишвар ташвишовар баён намуд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Қубодиёну Фархори вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ, Исфара ва Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Файзобод иҷрои нақшаи даъват то рӯзҳои охири моҳи ноябр кашол ёфт. Ин тарзи муносибат аз бепарвоӣ ва муносибати ҷиддӣ надоштани раисони комиссияҳои даъватӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мазкур шаҳодат медиҳад.

Вобаста ба ин, ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон карда шуд.

Бо мақсади роҳ надодан ба чунин камбудиҳо муовини Сарвазир аз масъулин даъват ба амал овард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту  тарғибот ва дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ тарбия намудани ҷавононро пурзӯр карда, тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба беҳтар гардидани шароити буду боши сарбозон, таъмини ғизо ва либоси низомии онҳо намоишҳои воқеӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.

 

Декабрь 13, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст