Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Январь 23, 2018 16:42

ДУШАНБЕ 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мулоқоти директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо оид ба таҳким бахшидани ҳамкории неку дӯстона дар бахши фарҳангу иттилоот изҳори назар карда, зикр  намуданд, ки барои бештар намудани ин муносибатҳо имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Аз ҷумла, таҳия ва барои мувофиқа пешниҳод намудани лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ миёни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Саудӣ ҷиҳати табодули таҷриба, бозомӯзии кормандон, расонидани кумакҳои бебозгашти моддӣ-техникӣ, инчунин табодули мунтазами иттилоот миёни ду агентии иттилоотӣ барои беҳтар намудани робитаҳои иҷтимоиву фарҳангии ҳарду мамлакат мусоидат мекунанд.

Мулоқот дар фазои неку созанда сурат гирифт.

Январь 23, 2018 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик