«Публитсистика дар замони истиқлол»-ҳамоиш дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Публитсистика дар замони истиқлол»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар он мушвири Бахши Ёрдамчии ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон оид бо рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа профессор Масрур Абдулло, донишмандони соҳа, собиқадорони матбуот, намояндагони ВАО-и чопию электронӣ ва донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зикр намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти рӯзноманигории тоҷик заминаҳои бештар ба вуҷуд омаданд. Профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи «Нигоҳе ба публитсистикаи замони муосир» маърӯза намуд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои «Публитсистикаи сиёсӣ ҳамчун як навъи эҷод», «Оҳанги замон дар публитсистикаи Асадулло Саъдуллоев», «Публитсистикаи устод С.Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» , «Чанд шинохти назми публитсистӣ», «Рӯҳи замон дар назми Давлат Сафар», «Устод С.Айнӣ дар бораи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», «Публитсистика ва филми мустанад», «Тасвири корнамоиҳои Пешвои миллат дар асарҳои алоҳидаи публитсистӣ» ва «Маҳорати адиб дар тасвири рӯҳи иҷтимоӣ» пешниҳод шуданд.
Аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, ки маводи ҳамоиш дар шакли маҷмӯа барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ва таҳқиқгарони соҳа ба чоп мерасанд.
Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» моҳи марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи он такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ВАО-и ҷумҳурӣ мебошад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






