Иштирок дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Март 22, 2018 21:45

ДУШАНБЕ, 22.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд.

Дар оғози кори иҷлосия Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал оид ба ҳадафҳои ин ҳамоиши сатҳи баланд ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмиллалӣ суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшиданд. Инак шуруъ аз ҳамин рӯз татбиқи ташаббуси дигари Тоҷикистон дар тамоми сайёра оғоз гардид.

Дар чорабинии имрӯза, ки ҳамчунин ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об рост омад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ин ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли яке аз мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои қаблии Тоҷикистон ва иҷрои тадбирҳои муҳими иҷрошуда дар чаҳорчӯби тадбирҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни татбиқи ин ташаббусҳо мо таҷрибаи арзишманде андӯхтем, ки дар анҷом додани вазифаҳои нави сермасъул дар бахши захираҳои об ба мо кумак хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳалли масоили зикршуда равона хоҳад кард.

Дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” инчунин дигар коршиносон, шаҳрвандони як қатор кишварҳо баромад карда, ба иқдоми эълони даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳам чун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд.

Иштирок дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” 22.03.2018

Март 22, 2018 21:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон