«Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои кормандони телевизион ва радио давраҳои бозомӯзиро баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба 20 нафар кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баъди иштирок дар давраҳои бозомӯзӣ дар мавзӯъҳои «Танзими барномаҳо бо формати HD» ва «Санъати суханварӣ», ки дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» баргузор шуданд, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Аз муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар машғулияти омӯзишии «Танзими барномаҳо бо формати HD» мутахассиси соҳа Маъруфҷон Оқилов ҳайати техникии шабакаҳои телевизионӣ аз ҷумла, танзимгаронро бо формати дақиқияташ баланд (HD) шинос намуда, таҳияи барномаҳо ва гузоришҳоро бо технологияи мазкур омӯзонид.
Инчунин, донишманди тоҷик, профессор Баҳриддин Камолиддинов ва яке аз наттоқони варзида ва собиқадори радио Зевар Ҷӯраева дар семинари омӯзишии «Санъати суханварӣ» наттоқони шабакаҳои телевизиониро бо истифодаи дурусти калимаҳои забони тоҷикӣ ва техникаи талаффузи овоз шинос намуданд.
Пас аз хатми машғулиятҳои бозомӯзӣ ба иштирокчиён шаҳодатнома супорида шуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






