«АЙБИ ХУД АБЛАҲ НАБИНАД ДАР ҶАҲОН…» — изҳороти Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе

Май 17, 2018 18:50

ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе андеша ва ақидаҳои муғризонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ (Ҳизби наҳзати исломӣ), махсусан роҳбари хиёнаткору ифротии он Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравонашро шадидан маҳкум менамояд.

Имрӯзҳо пайравони ин ташкилоти экстремистӣ, ки фаъолияти он дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат манъ шудааст, бо ҳар гуна роҳу восита, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мехоҳанд бо барангехтани кинаву адовати разилона миёни миллати сарбаланди тоҷик, шӯру низоъро ба миён оварда, авзои ороми кишвари азизамонро муташанниҷ созанд. Тавре шоире фармуда:

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

 Аз ин ҷост, ки тайи чанд рӯзи охир, шӯру валвала ва тафриқаҳои нопоку ношоистаи М. Кабирӣ ва саркардаҳояш, ба монанди Муҳаммади Одинабек, Темур Варқӣ ва ҳаракати ифротии “Гурӯҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба назар мерасад. Ин хиёнаткорони ифротӣ то ба ҳадде гирифтори ҳасуду кина, кизбу дурӯғ ва нотавонбин шудаанд, ки ба дилхоҳ дастоварду пешравиҳои Тоҷикистони азизи мо рашку таассубашон зиёдтар мегардад. Оё нафаре, ки дар ободии Ватани худ ҳеҷ гуна саҳм надорад, метавонад чунин андешаҳои ботилашро манзур намояд? Ҳаргиз!!!… Чунин хиёнаткорону сифлатабъонро на миллату Ватан ва на таърих мебахшад. Аз ин рӯ, ба онҳо мегӯем: “Эй кӯрдилони кӯрнамаки бе ватану хоин халқу миллати сарбаланди тоҷик зери роҳбарии пешвояшон дигар ба ягон васвасаҳои иблисонаи шумо дода нашуда, ин сарзамин ва марзу буми аҷдодиашонро ба ягон дороии дунёӣ нахоҳанд дод…”.

Ин бадандешон аз озодии шабакаҳои иҷтимоӣ сӯистифода мекунанд, ончунон бо ҳарфпардозиҳои “ширин” ва “нозукона”-ашон одат кардаанд, ки ҳатто гумон намекунанд рӯзе пардаи асрори дурӯғашон фош мешавад. Ҳаққо, ки онҳо ба гуфтаи Саъдӣ “лафзи ширин” ва “заҳр дар ангубин” доранд:

 Бадандешро лафзи ширин мабин,

Ки мумкин бувад заҳрдарангубин.

Тавре ҳамагон шоҳидем, чанде пеш кормандони мақомоти интизомии кишвар бо таҳияи филм ва наворҳои мустанад нақшаву ҳадафҳои нопоки  раёсати олии ҲНИ ва аъзои онро тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти даврӣ ифшо карданд, ки ният доштанд ба якчанд иншооти муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, даст ба табадулоти давлатӣ зананд. Вале, хушбахтона, аз ҷониби тамоми аҳолии кишвар ин амалҳои нопок ва ношуди онҳо маҳкум гардида, бо ташаббус ва ибтикори неруҳои қудратии мамлакат дар як фосилаи начандон зиёди вақт, худи А. Назарзода ва ҳайати ҳамроҳонаш несту нобуд карда шуданд.

Эй аблаҳони фитнагар! ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Илова бар ин, сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, 29 январи соли 2016 дар мувофиқат бо  Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломиро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд.  Дигар чӣ гуна асноду далел лозим бошад, ки эътимоди касифатонро мутмаин созад!

Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе дастаҷамъона бар зидди кирдорҳои нопоки М. Кабирӣ ва ғояҳои ифротии ҲНИ ва дигар ҳамроҳонаш муборизаи беамон бурда, ҷавобан барои таҳкими сулҳу суботи пойдор, ҳимояи сохти Конститутсионии мамлакат, бо ҷонибдори аз сиёсати сулҳофару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши ҳамешагӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишварамон саҳми худро мегузоранд.

 Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии

ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе

 

Май 17, 2018 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд