Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд

Июль 8, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 08.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Хотиррасон менамоем, ки  дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон  Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии хешро дастаи мунтахаби Тоҷикистон  15  июли соли равон  бо дастаи мунтахаби  Сурия доир менамояд. Иштирок дар Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи  мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 1-ум

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 2:4

Голҳо: Сунил Четри, 4 — пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).

Июль 8, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд