Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Хотиррасон менамоем, ки дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии хешро дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 июли соли равон бо дастаи мунтахаби Сурия доир менамояд. Иштирок дар Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.
Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»
Даври 1-ум
Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 2:4
Голҳо: Сунил Четри, 4 — пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






