РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Анҷоми корҳои пешина асоси оғози ҷамъбастҳои бузурги оянда аст

Июль 31, 2019 08:23

ДУШАНБЕ, 31.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Бузургии таърихи тоҷикон дар пешрафти тараққиёти риштаҳои гуногуни улми  он таҷассум меёбад. Дар ташаккули илми тоҷик, бахусус таърих ва адабиёти муосири он хизматҳои олии фарзандони фарзонаи миллат  Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон назаррас аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хизматҳои фидокоронаи ин абармардон чунин изҳори назар кардаанд: «Дар замони шӯравӣ низ забони тоҷикӣ бо кӯшиши шахсиятҳои фидокори илмиву адабӣ бузургиву асолати худро нигоҳ дошт ва ба миллат хизмат кард. Дар асри бисту як, дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ низ, ки аз рӯи пешгӯиҳои олимон эҳтимоли маҳвшавии тақрибан дусад забони хурди олам вуҷуд дорад, забони тоҷикӣ бояд пойдории таърихии худро ҳифз карда тавонад».

Бояд гуфт, ки дар баробари донишмандони тоҷик ҳамчунин саҳми олимони ғайритоҷик, ки муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дар риштаҳои гуногуни илми тоҷик тадқиқоти илмӣ анҷом додаанд, қобили зикр аст.  Дар ин замина хизматҳои шарқшиносони машҳури шӯравӣ — Бартолд В.В., Семёнов А., Андреев М., Бертелс Е.Э,  Брагинский И., Хромов А.Л., Демидчик В.П. ва ғайраҳоро номбар кардан мумкин аст. Саҳми ин олимон ҳам дар тадқиқи масъалаҳои таърихию адабии гузаштаи мо ва ҳам дар тарбияву ба воя расонидани мутахассисони соҳаҳои гуногун ниҳоят бузург аст. Тадқиқ ва таҳқиқи олимони ғайритоҷик  дар баробари осори илмии уламои мамлакат тасаввурот ва дониши доираҳои пешқадами он замонро нисбат ба таърихи халқи тоҷик ва осори ниёгонамон ба таври мусбат тавсеа дод.

Яке аз олимони шарқшинос, ки Тоҷикистонро ватани дуюми худ интихоб карда, то дами вопасин дар риштаҳои гуногуни илми тоҷик саҳм варзида, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, Малтсев Юрий Степанович мебошад. Шарқ бо тамоми нозукиҳои худ ҳанӯз аз замони наврасӣ диққати Малтсевро ба худ ҷалб карда буд. Аз дафтарҳои замони донишҷӯияш, ки то ба имрӯз дар китобхонаи кӯчакаш маҳфузанд, чунин бармеояд, ки ӯ барои аз бар намудани забони тоҷикӣ-форсӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Равоншиносон аз рӯи ҳусни хат тамоми ҷузъиёти хислати инсонро муайян мекунанд. Мо низ аз хати форсиву навиштаҷоти кирилии дафтарҳои замони донишҷӯии Юрий Степанович, ки бисёр босалиқа навишта шудаанд, сифатҳоеро, чун ботамкинӣ, оромтабиатӣ ва иродатмандӣ ба ӯ нисбат медиҳем.

Адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Атахон Сайфуллоев дар як мақолаи худ бо ҳаммуаллифии шарқшинос Лариса Демидчик оид ба шарқшиносони ғайритоҷик гуфта буд: «Дар замони мо халқҳои дур ба ҳам наздик, забонҳои бегона ошно гардиданд. Ҳанӯз сад сол муқаддам маорифпарвари бузурги Осиёи Миёна Аҳмади Дониш, ки омӯзиши забони русӣ ба назараш хеле душвор менамуд, калимаҳои русиро монанди тиллорезаҳо ҷамъ мекард ва истифода мебурд. Имрӯз ҳар як вориси Дониш ба забони русӣ озод ҳарф мезанад. Вақте ки намояндаи халқи рус низ ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ба ҳайрат намемонем, зеро ин одати интернатсионалистии мост» (А. Сайфуллоев, Л. Демидчик, «Садои Шарқ», соли 1972, № 12).

Малтсев Юрий Степанович 31 июли соли 1936 дар шаҳри Владивостоки Россия, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Владивосток аз марказҳои бузурги илмиву фарҳангии Шарқи Дур ба шумор меравад. Аз хурдӣ падару модари ӯ ба илму мактаб ва тарбия аҳамияти хосса медоданд. Баъди хатми мактаби миёна таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Владивосток идома дода, аз соли 1955 то соли 1965 дар мақомоти Кумитаи бехатарии давлатӣ ифои вазифа намудааст. Тӯли ин солҳо Донишгоҳи забонҳои хориҷии  шаҳри Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯз)-ро дар самти эроншиносӣ низ хатм намуда, ҳамчун мутахассиси забондон дар риштаҳои гуногуни мақомоти амниятӣ, дар шаҳрҳои Москваю Ленинград ба ҳайси тарҷумон фаъолият кардааст.  Малтсев дар баробари филолог ва таърихчию забондон будан, фаъолияти журналистиро  пеш бурда, ҳамзамон дар санъати аккосӣ низ  маҳорати худро санҷидааст.

Аз миёни риштаҳои гуногуни фаъолият тамоюли Малтсев ба илм, бахусус шарқшиносӣ ғолиб омад ва соли 1965 ӯ дар Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳанӯз, замони хизмат дар мақомоти амниятӣ Малтсев борҳо ба Тоҷикистон сафари хидматӣ карда буд. Боду ҳаво, манзараҳои дилфиреб ва табиати биҳиштосо, ҳамчунин мардуми меҳмоннавози ин мамлакат дар дили шарқшиноси рус маскан гирифта буд. Шарқшиноси ҷавон баррасии амиқи таъриху тамаддун, расму оин ва дарки забони форсӣ-дариро бидуни иртибот бо забони зиндаи муосир тасаввур намекард. Яке аз сабабҳои аз ҷониби ӯ макони зиндагӣ  интихоб гардидани ҷумҳурии тоҷикон низ маҳз дар ҳамин буд.

Дар ин солҳо, ки самтҳои тадқиқоти илмӣ тавсеа ёфта буд, Тоҷикистон ба олимони варзида ниёз дошт.

Соли 1972 Юрий Степанович дар мавзӯи «Космографияи номаълуми форсизабонони асри XII «Аҷоиб-ул махлуқот ва ғароиб –ул мавҷудот» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҷуғрофӣ» рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст. Космография як риштаи илм аст, ки сохтори ҷаҳонро ба таври куллӣ меомӯзад. Ин таълимот ҳанӯз қабл аз оғози қарни ХХ вуҷуд дошт. Анъанаи офаридани асарҳо оид ба махлуқоти аҷоиб ва мавҷудоти ғароиб дар Шарқ чун анъана аз асрҳои қадим роиҷ аст. Аз ҷумлаи ин нависандагон Аҳмади Тӯсӣ, Закариёи Қазвинӣ, Муҳаммад ибни Мӯсо ад-Думайриро метавон номбар кард, ки бо забонҳои арабӣ ва форсӣ дар ин шакл китобҳо таълиф намудаанд. «Аҷоиб-ул махлуқот ва ғароиб –ул мавҷудот»-е, ки Юрий Степанович мавриди таҳқиқ қарор додааст, бидуни муаллиф буда, маҳз бо ҳамин сабаб онро «Космографияи номаълуми (беном) форсизабонони асри XII «Аҷоиб-ул махлуқот ва ғароиб –ул мавҷудот» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҷуғрофӣ» унвон додааст. Рисолаи мазкур аз ду ҷилд иборат буда, дар айни ҳол он дар хазинаи китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Соли 1985 аз ҷониби Ю. Малтсев дар ҳаммуаллифӣ бо доктори фалсафаи Ҳиндустон Розия Ҷафрӣ ба муносибати 1200-солагии олим ва мутафаккири Шарқ Муҳаммад ал-Хоразмӣ Харитаи ҷуғрофиёи ҷаҳон аз рӯи китоби «Сурат-ул-арз»-и ал-Хоразмӣ бо забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расид. Дар он дастовардҳои донишмандони дохиливу хориҷӣ дар омӯзиши мероси илмии ал-Хоразмӣ ба таври интиқодӣ шарҳ дода шудааст. Ин асар шомили маҷмӯае аз нақшаҳои ҷуғрофиёӣ ҳамчун бозсозии нақшаи ҷуғрофиёии ҷаҳони ал-Хоразмӣ, ки то замони мо нарасидааст, муаррифӣ шудааст. Дар ин китоб «Тасаввуроти илмии ҷуғрофиёии донишмандони «Байт-ул-ҳикма» дар замони ал-Хоразмӣ» ва «Муҳаммад ибни Мӯсо–ал-Хоразмӣ ва мероси илмии ӯ» ба қалами Юрий Малтсев тааллуқ дорад. Ба он 48 нақшаи ҷуғрофиёии сатҳи замин шомил шуда, номҳои умдаи мавҷуда ба забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ дода шудаанд.

Баъди интишори Монографияи мазкур 100 нусхаи он ҳамчун туҳфа ба олимони Маркази илмӣ-тадқиқотии омӯзиши Осиёи Марказии Донишгоҳи Кашмири Ҳиндустон ирсол гардид. Дар як муддати кӯтоҳе китоби мазкур шуҳрати байналмилалӣ пайдо намуд. Худи ҳамон сол «Харитаи ҷуғрофиёии ҷаҳон аз рӯи китоби «Сурат-ал-арз»-и ал-Хоразмӣ» дар намоишгоҳи китобҳои байналмилалии шаҳри Москва дар маърази намоиш гузошта шуд.

Солҳои 70-80-уми асри гузашта барои Малтсев давраи сермаҳсултарин ба шумор мерафт. Аз ҷониби ӯ матолиби таҳқиқоте, ки дар ҷараёни  омӯзиш ба даст оварда шуд, дар маҷмӯи мақолоти илмии Институти шарқшиносӣ ҷой дода шуд. Дар ин давра ӯ мақолаҳои зиёди илмӣ-оммавӣ ба нашр расонд, ки бештари онҳо ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Соли 1987 аз кишвари Покистон ба Душанбе телефонограмма омад, ки муҳтавои он чунин буд: «Ба ду олими шӯравӣ – Юрий Степанович Малтсев ва Камол Айнӣ, ки дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, барои саҳми арзандаашон дар омӯзиш ва густариши мероси фарҳангии мардумони форсизабони Осиёи Марказӣ унвони фахрии доктори таърих ва филологияи Покистон дода шудааст». («Шарқшиносии тоҷик» (1958-2008), Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2009).

Юрий Степанович солиёни зиёде ҳамчун раиси комиссияи шарқшиносии Ҷомеаи ҷуғрофии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият кардааст.

Соли 1996 Малтсев Ю.С. ба Мактаби олии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуд. Дар ин даргоҳ солҳои тӯлонӣ хизмат карда, ба шогирдон аз фанҳои гуногуни ҷабҳаи ноаён  сабақ дода, зиёда аз 500 шогирд  тарбия намудааст.

Малтсев ҳамчун устоди касби худ то дами вопасин ба шогирдон огоҳии маданӣ, ватанпарастии воқеӣ ва эҳтироми амиқро нисбат ба фарҳанги Шарқ омӯзонидааст.

 Сарвар АЗИМӢ,
АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2019 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Шоири кӯдакон, марди бузургҷуссаи кӯдакхисол Убайд Раҷаб имрӯз ба синни 88 мерасид, агар зинда мебуд…
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Имрӯз ба зодрӯзи арбоби сиёсӣ ва давлативу ҳизбӣ Раҳбар Қосимов 90 сол пур шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Яке аз саромадони энергетикаи тоҷик Баҳром Сироҷев 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Асосгузори мактаби илмии физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо дар Тоҷикистон 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Барои бақову ҳастии миллати тоҷик ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хизмати Чинор Имомов низ назаррас аст
НАҚШИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Дар Хоруғ ҳамоиши илмӣ бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон доир гардид
«Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон»-ҳамоиши илмӣ бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон
«ТУЛӮИ ОФТОБИ ЗИЁБАХШ». Чунин арзёбӣ намудаанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зиндагиномаи яке аз фарзандони барӯманди халқи тоҷик Шириншо Шотемурро, ки имрӯз ба зодрӯзи ӯ 120 сол пур мешавад
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Имсол 80-солагии ҳунарманди маъруф, офарандаи нақши Рустами достон Бимбулат Ватаев ба ҷашни 90-солагии кинои тоҷик рост омад
ПОСИ ХОТИР. Агар умр вафо мекард, ходими намоёни сиёсию давлатӣ Моёншо Назаршоев моҳи декабри ҳамин сол 90-сола мешуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Маҳмудҷон Воҳидов — асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОРАИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК, КИ ДАР АМРИКОИ ЛОТИНӢ КОРУ ЗИНДАГӢ МЕКУНАД, БО ИФТИХОР СУХАН ГУФТАНД. Саид Толибов дар Эквадор тиҷорати худро ба роҳ монда, барои 30 кишвар гули садбарг парвариш менамояд

Маводҳои таҳлилӣ