Дар Форуми вазирони фарҳанги кишварҳои ҷаҳон дар Париж устувор намудани мавқеи фарҳангро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар шаҳри Парижи Франсия Форуми вазирони фарҳанги кишварҳои дунё бо сарпарастии ЮНЕСКО ҷараён дорад.
Форуми мазкур 19 ноябр ифтитоҳ ёфта, 20 ноябр кори худро идома дод. Дар кори он 140 нафар вазирони фарҳанг ва муовинони вазирон аз давлатҳои гуногун иштирок доранд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар рӯзи аввали форум суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба фарҳанги қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва сиёсати дарҳои кушоди пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кард.
Инчунин дар рӯзи дуюми форум Президенти Франсия Эммануэл Макрон ва Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле суханронӣ намуданд.
Дар ин рӯз мавзӯъҳои устувор намудани мавқеи фарҳанг, мубориза ба муқобили тамоюлҳои номатлуб дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҷараёни иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин форуми бонуфузи байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Тоҷикистон дар Франсия Ҷамолиддин Убайдулло ва Котиби Комиссияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон ҳамроҳӣ доранд.








Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд






